ЗИНДАГИИ ШОИСТАВУ АМАЛҲОИ СОЗАНДА-МАРОМИ МО!

(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид)

Паёми Сарвари давлат ҳамчун як асари боарзиши илмӣ фарогири ҳамаи самтҳои асосии кишвар дар қиёс бо ҳолати кунунии пешрафтҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, ташаббусҳои созанда, натиҷаву дастовардҳо ва масъалагузориҳо барои оянда буда, бори дигар аҳли илму адаб, бахусус, зиёиёни кишвар ва ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриро барои расидан ба зиндагии шоиста ба андеша ва кӯшишу ғайрати дучанд водор намуд.

Воқеан, масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлил қарор гирифтанд, на танҳо барои мардуми кишвар балки ҳамчун ҳидоят ба халқияту миллатҳои зиёда аз 84 миллион нафараи Осиёи Миёна ва фаротар аз он, дар сатҳи ҷаҳонӣ барои расидан ба сулҳ, пешрафт ва эмин нигоҳ доштани сайёра барои наслҳои оянда боиси омӯзиш аст.

Аз таҳлили қисмати аввали Паём бармеояд, ки Тоҷикистон воқеан, барои расидан ба сулҳу субот, ҳам дар кишвар ва ҳам дар сатҳи минтақа ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Масъалаи ҳалли пурраи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки тайи беш аз як аср мавриди баҳс қарор дошт, ҳалли худро маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва роҳбарони кишварҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар соли 2025 дар доираи «Дӯстии абад» нуқта гузошт.

Илова бар ин, қабули қатънома доир ба «Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус, дар минтақаҳои кӯҳӣ», ки санаи 12 декабри соли 2025 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, пешгирӣ аз даргириҳои эҳтимолӣ байни давлатҳо вобаста ба истифодаи сарватҳои табиӣ ва махсусан, норасоии об ба шумор меравад. Ташаббусҳои мазкур агар, аз як ҷониб ба ҳифзи захираҳои табиӣ мусоидат намояд, аз ҷониби дигар, низоъҳои эҳтимолиро дар пайи кам гардидани об дар минтақаи дарёҳои сарҳадгузар пешгирӣ мекунад.

Нақши криосфера дар муътадил нигоҳ доштани ҳарорати замин, пиряхҳо ва барф аз нурҳои офтобӣ хеле зиёд аст. Чунон, ки мо шоҳидем, таназзулёбии босуръати пиряхҳо имрӯз дар сартосари ҷаҳон ба як буҳрони глобалии замони муосир табдил ёфта, барои ояндаи босуботи башарият ва рушди устувор нигаронкунанда боқӣ мемонад. Аз ин нуқтаи назар, дар Паёми имсолаи Пешвои миллат низ ба масъалаи ҳифзи обу иқлим ва пайомадҳои ногувори он, ки барои аҳли башари олам аҳамияти стратегӣ дорад, диққати хоса зоҳир гардид. Дар ин росто ба вазорату идораҳои дахлдор дастур дода шуд, ки дар сохторҳои худ бо назардошти омӯзиши минбаъдаи пиряхҳо ва криосфера тағйирот ворид намуда, фаъолиятҳоро дар ин самт тақвият бахшанд.

Нуқтаи дигаре, ки дар таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳли сайёра равона гардида, ҳам муҳим ва ҳам мояи ифтихори мост, ин аз ҷониби СММ эълон гардидани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.

Ин иқдом боиси ифтихори бузург аст, ки аз номи роҳбари Тоҷикистон ҳамчун шахсият ва арбоби сиёсии сулҳхоҳ, сулҳпарвар, ташаббускор, ҳомии манфиатҳои умумибашарӣ ва муҳофизи ҳуқуқи инсон дар арсаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардидааст.

Сулҳу субот дар натиҷаи соҳиби маърифати баланди ҳуқуқӣ будан ба даст меояд, аз ин рӯ, Сарвари кишвар дар Паёми навбатии худ низ ишора намуданд, ки «Агар дар ҷомеа ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу суботи устувор ва волоияти қонун набошад, мо ба ягон ҳадафи неки худ намерасем ва ягон нақшаи мо амалӣ намегардад».

Ин ҳама дастовардҳо на танҳо саҳми арзандаи кишвари моро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, балки далели равшани онанд, ки миллати тоҷик тарафдори сулҳ буда, овози худро дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дорад, ки ин ҳама ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар роҳи расидан ба адолат, сулҳ ва рушди устувор нақши муҳим мебозад.

Ташаббусҳои мазкур гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки дар кору пайкори фарзонафарзанди миллат, маҳз сулҳу субот, дӯстиву бародарӣ, ваҳдату ягонагӣ, зиндагии шоиста ва пешрафту шукуфоӣ дар мадди аввал қарор дорад.

Дар Паёми навбатӣ ба масоил ва мушкилоти соҳаи маориф бори дигар ҳадафмандона таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Аз ҷумла, Сарвари давлат таъкид карданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям». Аз нигоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо ва танҳо маориф метавонад, давлатро рушд, миллатро наҷот ва таъриху тамаддунро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намояд.

Сарвари давлат вазъу ҳолати илму маорифи ватаниро дар солҳои 90-уми асри гузашта, ки бо сарзадани воқеъаҳои фоҷиабор даҳҳо сол ба ақиб партофта шуд, мавриди таҳлилии қиёсӣ қарор доданд. Дар ин самт, вобаста ба ниёзи аҳли ҷомеа, пешрафти илму техника, тараққиёт, истифодаи самараноки обу энергетика зарурати омӯзиши манбаҳои кишвар ба миён омадааст. Аз ин рӯ, тибқи дурнамо омӯзиши пиряхҳо яке аз самтҳои муҳими илми ватанӣ ва ҷузъи сиёсати минбаъдаи давлати мо мебошад.

Ҳамзамон, Президенти мамлакат бо назардошти авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ишора намуданд, ки дар чунин шароит эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳим аст. Оре, чуноне, ки мегӯянд «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ!» Нуктаи мазкур дар Паёмҳои қабли ишора гардида бошад ҳам, он рӯз то рӯз моҳияти хосаро касб намуда, таваҷҷӯҳи Давлату Ҳукуматро бештар ҷалб намуда истодааст. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид гардид, ки ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, русӣ ва англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Нуктаи дигари муҳиме, ки дар Паём барои ояндаи миллату давлат равона гардида буд, муҳайё намудани шароиту имконот барои наврасону кӯдакон мебошад. Ба андешаи инҷониб, агар кӯдакон пурра ба муассисаҳои томактабӣ ҷалб карда шаванд, пас аз чанд сол мушкилоти имрӯза аз қабили хурофоту ифротгароӣ ба таври мукаммал аз байн меравад. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, он кишварҳое, ки таваҷҷӯҳи худро ба насли наврас, махсусан, ба зинаи таҳсилоти томактабӣ равона кардаанд, имрӯзҳо аз дар самти рақамикунонӣ ва ихтироъкорӣ пешрафт карданд. Дар он кишварҳо амалан хурофоту ифротгароӣ аз байн рафтааст. Мавҷудияти хурофот ва ифротгароӣ хатар ба амнияти давлату миллат буда, бақои онро зери суол мебарад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дақиқан таъкид намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Воқеан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти дурандеш, ояндабин ва нуқтасанҷ буда, тақдири миллату давлатро дар садсолаҳои минбаъда, пешгӯйӣ ва ҷиҳати роҳҳои ҳали онҳо заминаҳои устувор гузошта истодаанд. Дар ҷое мефармоянд: «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон азият накашанд».

Аз дидгоҳи Сарвари кишвар, барои дарки оянда, зиндагии шоиста бояд аз аслу наҷот, миллату фарҳанг ва таъриху тамаддуни ҳазорсолаҳои худ пайваста бохабар бошем. Дар ин самт хидматҳои мондагори Пешвои миллат, махсусан, тақдими ройгони 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и алллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадон хидмати бузургу мондагорест, ки дар ягон солу замон аз ҷониби ягон роҳбари дунё сурат нагирифтааст.

Воқеан, эътиқоду эҳтироми Сарвари кишвар ба масоилу ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, шомил намудани онҳо ба ёдгории таърихию фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО гувоҳи он аст, ки таъриху тамаддун, гузаштагони илму адабро ҳифз ва арҷгузорӣ менамоянд ва ин Ватану ин сарзаминро ба мисли гавҳараки чашм азиз нигоҳ медоранд.

Аз ин ҷост, ки бо дастури Пешвои миллат дар пойтахти кишвар бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дастур дода шуд. Аз баромадҳои қаблӣ, суҳбату гузоришҳои Сарвари кишвар борҳо фаҳмидаем, ки мегӯянд: «Мо ориёнажод ҳастем». Ҳанӯз 20 сол муқаддам яъне, соли 2006 дар кишвар «Соли тамаддуни ориёӣ» эълон гардид ва дар ин замина корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд. Сарвари давлат ҳадафи асосии таҷлили Соли тамаддуни ориёро танҳо як назари тозаву холисона ба фарҳанги қадимаи миллати худ ва кӯшиши ошноии амиқ ба решаҳои таърих ва тамаддуни гузаштагонамон арзёбӣ карданд. Ҳамзамон, мақолаи Сарвари кишвар зери унвони «Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба табъ расида буд, ки он идомаи мақолаи қаблии «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» маҳсуб меёфт. Баъдан китоби дигари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Аз Ориён то Сомониён» аз силсилаи китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», ки он рӯзҳо аз чоп баромад, туҳфаи сазовору гаронмояи Сарвари давлат ба мардуми шарафманди Тоҷикистон дар остонаи тантанаҳои пурифтихори миллӣ гардида буд. Дар он асар ба саволҳои «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаҷдодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом марзу бум ошён доштанд?» ва ба дигар саволҳои зиёди оид ба таъриху тақдири пур аз шебу фарози ниёгони фарҳангдӯсту фарҳангофари мо дар ин китобу мақолаҳо посухҳои дақиқу илман асоснок метавон пайдо кард. Воқеан, мо ҳангоми мутолиаи тамоми осори Пешвои миллат аз тоҷик буданамон аз фарҳанги оламшумул доштанамон ифтихор мекунем. Дар Паём ҳамзамон, ба масъалаҳои саноатикунонӣ, аграрӣ, фарҳанг, сиёсат, тандурустиву беҳдоштӣ, обу иқлим, самаранок истифода намудани қувваи барқ, дар руҳияи худшиносиву хештаншиноси тарбия намудани насли наврас ва дигар соҳаву самтҳо дастуру супоришҳо, тавсияҳо ва насиҳатҳои падарона дода шуд. Дар бахши хулосавии Паём ҳамчун ҳадафи асосӣ ва стратегии давлат ва Ҳукумат зикр гардид, ки «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Хулоса, воқеан, он чи ки дар Паём гуфта шуд, як стратегияи комили давлатӣ на танҳо барои як сол, балки барои солҳои минбаъда аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид. Ин дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳо мо — кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва филиалҳои онро муваззаф месозад, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли нав дар ҳифзи манофеи миллӣ, таҳкими сулҳу суботи давлати дунявӣ, омӯхтани забонҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони соҳаи маориф, бо истифодаи усулҳои навтарини омӯзиш, махсусан, рақамикунонии низоми такмили ихтисос қадамҳои устувор гузорем ва тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат зиндагии шоистаро ба роҳ монем.

Наврӯз Мирзозода,

ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии

такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони

соҳаи маориф