Дар толори Донишкада, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Таърихи парчамдории мо-тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад» баргузор гардид.
Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, зимни сухани ифтитоҳии хеш ҳамаи кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳои онро ба ин санаи муқаддас ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, махсусан парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд ва реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардида, он дар зери ливои худ кулли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ (24.11.2025) таъкид намуданд: «Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад».
Дар идомаи ҳамоиш муовини ректори Донишкада Абдусаттор Наҷмиддиниён, сардори раёсати илм ва инноватсия Зарина Саидзода ва котиби шурои олими Донишкада Таманно Паноева оид ба заминаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи парчам, ҷойгоҳ ва мақоми он ҳамчун рамзи давлатӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби ректори Донишкада, раиси Ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор» ба кормандони ҷавони Донишкада шаҳотномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.












