Имрӯз 27-уми ноябри соли 2025 дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ Ҳамоиши тантанавии ҳизбиёни пойтахт бахшида ба «Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» таҳти унвони «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, муассисаву корхонаҳо, бонкҳои давлатӣ, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳриву ноҳиявӣ, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи давлативу ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ маросими ҷоизапупорӣ ва қадрдонии як қатор ғолибони даври ноҳиявии озмуни умумишаҳрии ҳизбӣ аз рӯйи номинатсияҳои “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол”, “Ташкилоти ибтидоии фаъол”, “Вакили ташаббускор”, “Корманди шоиста”, “Беҳтарин таблиғотчии ҳадафҳои барномавӣ”, “Хабарнигори варзида” ва “Ташкилоти ибтидоии фаъол дар маҳаллаҳо (шаҳрак)” доир гардид.
Дар номинатсияи “Ташкилоти ибтидоии фаъол”, ки барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносӣ, саҳмгузорӣ дар ҷамъбасти саривақтии маъаракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, афзоиши сифатии ҳармоҳаи сафи ҳизб дар ташкилоти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои ҳизбӣ ва соатҳои сиёсӣ, мусоидат дар амалигардонии барномаву ҳадафҳои ҳизбӣ, масъулиятнокӣ дар иҷрои супоришҳо, фаъол будан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ Ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор”-и Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф бо ҷоиза ва диплом сарфароз гардонида шуданд.
Раиси Ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор»-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе Наврӯз Мирзозода, барои доштани натиҷаи назаррас дар татбиқи сиёсати Ҳукумати кишвар ва амалишавии барномаҳои ҳизбӣ, дар номинатсияи “ТАШКИЛОТИ БЕҲТАРИН” бо диплом ва кубок дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуд.
Диплом муборак ҳамҳизбиёни азиз!



