Имрӯз, 13.11.2025 дар Донишкада семинари омӯзишӣ доир ба истифодаи гардиши электронии ҳуҷҷатҳо тавассути низоми ягонаи edo.innovation бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода барои кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиали шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Семинарро ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки ҳамкории Донишкада дар самти рақамикунонии низоми такмили ихтисос бо Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, то имрӯз якчанд вохӯриву чорабиниҳоро бо намояндагони он муштаракан баргузор намудаанд. Семинари имрӯза низ бо мақсади амалӣ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дастурамали намунавиии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 23 июни соли 2025 баргузор гардида истодааст.
Ҳамзамон, иброз намуд, ки гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ дар ҳамаи соҳаҳо махсусан дар соҳаи маориф на танҳо як тамоюли муосир, балки ба беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, шаффофият ва кам кардани хароҷот мусоидат мекунад. Рақамикунонии пурраи низоми такмили ихтисос яке аз афзалиятҳои муҳимтарини Донишкада барои солҳои оянда мебошад.
Баъдан муовини сардори раёсати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиқиён Фирӯз Султон баромад намуда, оид ба асосҳои ҳуқуқӣ ташкилӣ, тартиби гардиш ва истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ, инчунин танзим ва истифодаи имзои электрониро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» шарҳ дода, семинарро дар шакли амалӣ давом дод.
Дар фарҷоми семинар бо дастури ректори Донишкада Дастурамал (роҳнамо)-и истифодаи низоми ягонаи байниидоравии гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ нашр ва ба ҳар як корманди Донишкада дастрас карда шуд.








