Бо мақсади тақвияти маҳорати касбии мураббияҳои кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон оид ба рушди салоҳиятҳои зарурӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва такмили малакаҳои хониш дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои афзоиши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” омӯзишҳо ба роҳ монда шуданд.
Барномаи омӯзишҳо аз қисматҳои зерин : -«Педагогикаи амалии бозӣ», — «Омӯзиш дар соҳаҳои гуногун» ва татбиқи барномаи “Хониши хонагӣ” иборат мебошанд. Муҳлати омӯзиш панҷ рӯзро дар бар гирифта, он аз 06.10.2025 то 1.11. 2025 дар Донишкада ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон дар чор марҳила баргузоригардид, ки дар он омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва кормандони гурӯҳҳои бозӣ аз муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Кушониён, Ҷайҳун, Қубодиён, Варзоб, Рӯдакӣ, Ҳисор, Файзобод ва Тоҷикобод дар маҷмуъ 1412 нафар иштирок намуданд. Омӯзиш дар доираи татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.





