Мақоми омӯзгор дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзҳои 3–4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Аддис-Абебаи Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзгорон ояндаро ташаккул медиҳанд: мубодилаи донишҳои ҷаҳонӣ оид ба омадагӣ ва инкишофи омӯзгорон» баргузор гардида истодааст.

Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалии соҳаи маориф роҳандозӣ шудааст, намояндагони беш аз 150 давлат ва зиёда аз 2500 омӯзгор, олим, муҳаққиқ ва сиёсатгузорони соҳаи маориф иштирок доранд. Боиси ифтихор аст, ки дар кори конфронс намояндаи Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили СММ дар сесияи алоҳида дар мавзуи «Омӯзгорон ояндаро ташаккул медиҳанд» баромад дошта аз таҷрибаи бадастомадаи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон табодули таҷриба менамоян.

Иштироки намояндагони Тоҷикистон дар ин чорабинии муҳим нишонаи мавқеи рӯзафзуни омӯзгорони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи саҳми Тоҷикистон дар таҳкими сифати маориф мебошад.

Ҳамчунин, ширкат дар ин конференсия натиҷаи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” маҳсуб меёбад. Ин ҳамкорӣ ба густариши имкониятҳои нави омӯзишӣ, табодули таҷрибаҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими нерӯи зеҳнии омӯзгорони кишвар мусоидат менамояд.

Дар маҷмӯъ, мақоми омӯзгор дар ҷомеаи муосир, ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон, ҳамчун пояи асосии рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ шинохта мешавад. Омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки созандаи ҷаҳонбинии инсон ва ташаккулдиҳандаи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ мебошад. Аз ин рӯ, дастгирӣ ва рушди касбии омӯзгорон дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад.