ФОРУМ: РАҚАМИКУНОНӢ ДАР НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН: РОҲҲОИ ҲАМГИРОӢ ВА МОДЕЛҲОИ УСТУВОР

Дар ифтитоҳи форум муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, роҳбари бахши маорифи Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Наоко Хосака, ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон Токтомаметов Алмазбек ва ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуданд. Форумро бо сухани ифтитоҳи ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода кушода, мақсад ва ҳадафҳои баргузории онро ба ҳозирин иброз намуд. Баъдан меҳмонон вобаста ба моҳият ва самтҳои дигар форум ибрози андеша намуданд.
Форум дар самтҳои зерин:
— рақамикунонии низоми такмили ихтисос таҳия ва татбиқи платформаҳои рақамӣ барои омӯзгорон, истифодаи ТИ дар раванди таълим;
— ташаккули салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон, баланд бардоштани саводи рақамӣ, истифодаи воситаҳои нав барои таълим ва идоракунии раванди омӯзиш;
— моделҳои устувори рушди касбии омӯзгорон, таҳияи механизмҳои нав ва устувор барои такмили ихтисос дар муҳити рақамӣ;
— таҳияи муҳтавои инноватсионии рақамӣ, таҳияи курсҳо, модулҳо ва захираҳои электронии омӯзишӣ барои омӯзгорон;
— ҳамгироии таҷрибаи миллӣ ва байналмилалӣ – омӯзиши таҷрибаи кишварҳои дигар дар соҳаи рақамикунонӣ ва мутобиқсозии он ба шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, кори худро идома дод.
Дар қисмати дуюми форум дар мавзуъи «Идоракунии инноватсионӣ дар такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф» конференсия баргузор гардид, ки дар он зермавзуъҳои «Платформаҳои омӯзишӣ (Moodle, Google Classroom)», «Роҳҳои самаранок ба роҳ мондани рушди маҳорати касбӣ аз ҷониби омӯзгорон дар замони муосир», «Омӯзишҳои омехта: дастовардҳо ва норасоӣ (таҳлили таҷрибаи миллӣ», «Истифодаи зеҳни сунъӣ дар курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон», «Арзёбии ташаккулдиҳанда ва меъёрӣ ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим: усул, стратегия ва таҷрибаҳо» ва «Зеҳни сунъии тавлидгар ва эҷодӣ мултимедия» баррасӣ гардиданд. Дар чорабинӣ аз ҷониби устодони Донишкада: Абдусатор Наҷмиддиниён, Сафарбек Собирзода, Умедҷони Файзалӣ, Комил Раҷабзода, Зикриё Раҷабов, Сайдашраф Ҳасанов, Мамадамон Абдуллоев, Манучеҳра Ҷумахонова ва Манучеҳр Собиров маърӯзаҳо ироа гардид. Чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе гузаронида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар Донишкада ба масъалаҳои истифодаи зеҳнӣ сунъӣ ва рақамикунонии низоми такмили ихтисос диққати махсус равона гардидааст. Ин иқдом вобаста ба пешрафти илму техника ва ҷаҳонишавии босуръати технология рӯйи даст гирифта шуда дар он тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар самти беҳтар намудани мундариҷаи таълим, таҳияи барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос, стратегияҳои муассир ва механизмҳои амалишавии он андешида мешавад.
RS: Бояд таъкид намуд, ки ин сеюмин форуми Донишкада дар соли 2025 буда, натиҷаҳои онҳо аз ҷониби устодони кафедраҳои Донишкада мавриди коркард қарор гирифта, ҷиҳати ташкили механизми рақамикунонии нақша ва барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос самаранок истифода мегардад.