БАЙНИ ДОНИШКАДАҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

Имрӯз, 14 – уми октябри соли 2025 миёни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмиди ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Санади муҳими ҳамкориро ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз Довудхоҷа ва директори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қирғизистон Токтомаметов Алмазбек Даткабекович ба имзо расониданд.
Ҳуҷҷати муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо дар заминаи таҷрибаи ҳамдигар, коркарди барномаҳои таълимии муштарак ва дар ин замина ба роҳ мондани курсҳои муштараки такмили ихтисос, баргузор намудани форуму конференсияҳо, инчунин гузаронидани таҳқиқоти муштарак байни омӯзгорони ҳарду муассиса ва рақамикунонии соҳа ба роҳ монда шавад.
Бояд, тазаккур дод, ки Донишкада айни ҳол ҳамкориҳои судмандро бо 33 муассисаҳои олӣ ва олии касбии дохиливу хориҷӣ дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ва табодули таҷриба ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда низ ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.