Дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд, ки дар шаҳри Аддис-Абеба баргузор гардид, вохӯрии судманди Ректори Донишкада, Мирзозода Наврӯз бо профессори Донишгоҳи педагогии Пекин, ҷаноби Тенг Чун ва дигар ҳамроҳонаш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» низ ширкат варзиданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда, оид ба таҳияи маводи методӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, форумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ-амалӣ ба тавофуқ расиданд.
Ин вохӯрӣ заминаи мусоиде барои густариши робитаҳои илмӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон миёни ду муассисаи таълимии кишварҳои дӯстро фароҳам меорад.
Сафари корӣ аз ҷониби Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст.


