Машварати омӯзишиии PISA барои 1206 омӯзгори муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст шуд

ДУШАНБЕ, 24.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф машварати омӯзишиии PISA барои 1206 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.

Таъкид шуд, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон беандоза буда, ба ин бахши таҳсил ва нақши он дар беҳтар намудани сифати таҳсил эътибори хосса зоҳир мегардад.

Маълум аст, ки соли 2025 дар ҷумҳурии мо арзёбии таҳсили дастоварди хонандагон PISA баргузор мегардад, ки дар он муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе иштирок менамоянд. Натиҷаи ин арзёбӣ аз фаъолияти ҳар омӯзгор вобаста аст.

Машғулияти омӯзишӣ аз 29 июни имсол оғоз гардида, дар се марҳила барои 1206 омӯзгори шаҳри Душанбе дар заминаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи таълимии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Донишкада баргузор гардиданд. Барои баргузории машғулият 15 тренери сатҳи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон омада, дар якҷоягӣ бо омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо давоми 21 рӯз дарс гузарониданд.

Аз ҷониби роҳбари Лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Штефан Зеверт доир ба раванди баргузории машғулият, фаъолияти тренерон ва саҳми роҳбарияти Донишкада дар ташкили омӯзишҳо изҳори назар карда шуда, ба он  баҳои баланд дода шуд. Таъкид шуд, ки ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар марҳилаи рушд қарор дорад.

АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф