Конференсияи мазкур аз соли 2009 инҷониб дар давлатҳои аъзо баргузор карда мешавад. Дар конференсия 27 давлат иштирок доранд, ки 12 симпозиум, 286 муҳокимаи фардӣ, 13 мастер класс, 13 баромад дар шакли TED ва 77 постер презинтатсия баргузор мегардад.
Мақсади иштирок дар чорабинии мазкур аъзо шудани Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ба Асотсиатсияи байналмилалии таҳқиқоти дарс (WALS) ва амалӣ намудани он дар муассисахои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе мебошад