Омӯзишҳо барои омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе оғоз гардиданд

Дар оғоз ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода, ҳозиринро хайра мақдам гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуд. Қайд гардид, ки таваҷҷӯҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такмили маҳорати касбии омӯзгорон беандоза буда, ба ин бахши таҳсилот ва нақши он дар беҳтар намудани сифати таҳсилот эътибори хос зоҳир мегардад. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи лоиҳаи​ “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” Донишкада дар якҷоягӣ бо Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон шуруъ аз 29 июл то 21 августи соли ҷорӣ дар се марҳила 1206 нафар омӯзгори шаҳри Душанберо аз семинари омӯзишии Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA мегузаронанд. Омӯзишҳо аз ҷониби тренерони Донишкада ва Маркази мазкур муштаракан гузаронида мешаванд. Марҳилаи якуми ҳамкориҳо бомуваффақият ба анҷом расид ва имрӯз фаъолияти якуми марҳилаи дуюми ҳамкориҳо оғоз гардиданд.

Сипас муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан суханронӣ намуда, мазмун ва муҳтавои Барномаи байналмилалӣ оид ба арзёбии таҳсили хонандагон PISA-ро ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи маориф баён доштанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки омӯзгорон, дар омӯзиш фаъол бошанд ва аз ҳузури ҳамтоёни қазоқи худ истифода намуда, ҷиҳати омӯзиши метду усулҳои нав саъю талош намоянд.

Вобаста ба таъмин намудани иштироки омӯзгорон ба омӯзишҳо масъулин дастуру супоришҳои мушаххас гирифтанд.

Аз ҷониби директори Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон Жамбота Кабдикаримова, роҳбари Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Штефан Зеверт, Вилямс Линберт роҷеъ ба масъалаи мазкур изҳори назар карда шуд. Номбурдагон таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзи кормандони соҳаи маориф, дар марҳилаи рушд қарор дорад ва мутмаъинем, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот ба натиҷаҳои назаррас мерасем.

Дар охири ҷаласа тренерони Маркази маҳорати педагогии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Донишкада муаррифӣ карда шуданд.