Вебинари навбатии муколама ва амал барои захираи ҷавонон дар Осиёи Марказӣ

Донишкада ягона муассисае мебошад, ки фаъолияташ дар самти баландбардории рушди маҳорати касбии омӯзгорон нигаронида шудааст.

Дар доираи фаъолияташ, бо зиёда аз 23 муассиса ва марказҳои такмили маҳорати касбии омӯзгорони кишварҳои хориҷ ҳамкориҳои судманду густурдаро ба роҳ мондааст. Дар ин самт мунтазам дар вебинарҳои сатҳи гуногун ширкат меварзад.

Вебинари навбатӣ имрӯз 28.05.2024 баргузор гардид. Дар вебинари мазкур масоили курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии ҳамаи зинаҳои таҳсилот баррасӣ гардид. Вебинар дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии «Муколама ва амал барои захираи ҷавонон дар Осиёи Марказӣ» DARIY баргузор карда шуд, ки дар он роҳбарият ва кормандону омӯзгорони Донишкада тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.