Рақамикунонии низоми такмили ихтисос амри воқъист.

Имрӯз, дар Донишкада пас аз ҷаласаи машваратии назди ректор, фаъолияти платформаи Системаи иттилоотии рушди касбияти омӯзгорон (СИРКО), ки дар Донишкада амал мекунад, муаррифӣ гардид. Қайд карда шуд, ки айни замон дар платформа 23978 омӯзгорон ворид гардида, аз он самаранок истифода мебаранд. Илова ба ин 1513 нафар роҳбаладон дар 12 курс фаъолиятро ба танзим медароранд.

Платформа айни ҳол аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

1. Асосӣ;

2. Феҳрист;

3. Тести ташхисӣ (пеш аз фаъолият ва пас аз фаъолиятҳо;

4. Курсҳо;

5. Таҳлилҳо;

6. Оморҳо;

7. Истифодабарандагон;

8. Мавод;

9. Китобхонаи электронӣ;

10. Чат;

11. Варақаи мушоҳида;

12. Варақаи фаъолият;

13. Нақшаҳо;

14. Мониторинг:

А. дафтари давомот;

В. ҳисоботи мониторинг:

— ҳисоботи тренингҳо;

— ҳисоботи иштироккунандагон;

— ҳисоботи роҳбаладон.

15. Омори мониторинг.

Платформа дорои қисмати китобхонаи электронӣ мебошад, ки айни ҳол дар он бахшҳои зерин:

— меъёрии баҳогузории даҳхола;

— маводи методӣ;

— кортҳои универсалӣ;

— кортҳои математикӣ;

— кортҳои забони тоҷикӣ ва хониш;

— гулчини адабиёти бачаҳо ва ғ., ҷойгир аст. Дар фарҷом роҳбарият тасмим гирифтанд, ки минбаъд самтҳои дигари фаъолияти платформаро ба роҳ монда, дар рақамикунонии низоми такмили ихтисос саъю кӯшиш менамоянд.

https://www.facebook.com/groups/1340102256547260