ОМӮЗИШҲО БАРОИ ТАЙЁР КАРДАНИ ТРЕНЕРОНИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Дар шароити имрӯза, яке аз иқдомҳои судманд, ки ба пешрафти рушди маҳорати касбии омӯзгор мусоидат мекунад, тайёр намудани худи кормандону омӯзгорони Донишкада вобаста ба талаботҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ ин масъала дақиқан дарҷ гардидааст: «Зарурати ташаккули салоҳиятҳои устувор ва навовариҳо шарти муҳими таъмини пешрафти воқеӣ ва дарозмуҳлат мебошад». Аз ин рӯ, сифати таҳсилот дар мадди аввал қарор дошта, он ба рушду пешрафти кишвар мусоидат мекунад ва амалӣ намудани ин иқдомҳо яке аз дастурҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин самт саҳми бевоситаи вазири маориф ва илми кишвар муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро ҷиҳати рушди нерую малака, дониш ва таҷрибаи омӯзгорону кормандони Донишкада басо назаррас аст. Дар ин замина бо кӯшишҳои зиёди ректори Донишкада муҳтарам Наврӯз Мирзозода имрӯз барои 50 нафар кормандони Донишкада ва филиалҳо семинари омӯзишӣ бо ҷалби мутахассисони сатҳи байналмилалӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар омӯзиш мутахассисони Маркази маҳорати педагогӣ Ҷумҳурии Қазоқистон ҷалб гардиданд. Дар маросими кушодашавии семинари омӯзишӣ Саидзода Раҳим Ҳамро — вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Наврӯз – ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Штефан Зеверт — роҳбари лоиҳаи “Кӯмаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кабдикаримова Жанбота — директор иштирок ва суханронӣ намуданд. Пас аз анҷоми омӯзиш иштирокчиён соҳиби сертификати байналмилалӣ гардида, дар ҷумҳурӣ 1206 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маорифро аз омӯзишҳои минбаъда мегузаронанд.