Имрӯз, 11.12.2025 гурӯҳи корӣ бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода аз фаъолияти филиали Донишкада дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дидан намуданд. Дар ҷараёни боздид ректори Донишкада сараввал бо шунавандагони курсҳои такмили ихтисос вохӯрда, бо вазъи иштироки онҳо дар машғулиятҳо ва мазмуну муҳтавои барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос мулоқоту сӯҳбат анҷом доданд. Ҳангоми мулоқот гуфта шуд, ки дар ҳамаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, хусусан оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар раванди таълим ва рақамикунонии соҳаи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа дар мадди аввал қарор мегирад. Имсол низ мо чунин ғамхориҳои Пешвои миллатро дар паёми навбатӣ, ки дарназар аст 16.12.2025 ироа гардад, интизорем. Инчунин, вобаста ба дастгириҳои бевоситаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Раҳим Ҳамро, ки дар низоми такмили ихтисос корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд, андешаронӣ намуд.
Баъдан, бо вазъи фаъолияти кории шуъбаю кафедраҳои филиали Донишкада шинос шуда, доир ба масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, низоми дурусти коргузорӣ, риояи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа, риояи интизоми меҳнат ва зоҳир намудани муносибату муоширати мусбат дар байни коллективи филиал дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла аҳли кормандони филиали Донишкада бояд мунтаззам дар ҳудуди муассиса корҳои ободонию тозакориро тақвият бахшида баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Ҳамин тариқ, ҷаласаи корӣ дар фазои хубу сатҳи баланд ба кори худ ҳусни хотима бахшид.



