Ситораҳо ғуруб намекунанд…

 

22.08.2020Ҳофизи шинохтаи тоҷик Ҷамшед Исмоилов, ки дирӯз ҷаҳони фониро тарк гуфта, дунёи абадиятро хонаи охирати худ ихтиёр кард, дар дили ҳазорҳо мухлисону ҳаводоронаш, аз ҷумла кормандону омӯзгорони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ки дар ҳар як чорабинии баргузоргардида ҳамчун меҳмони фахрӣ даъват мегардид, боқӣ мемонад.

Ҷамшед Исмоилов бо садои худодод ва сабку услуби ба худ хос дар ҷодаи ҳунар қадам ниҳода, умри бобаракати хешро сарфи тарғиби ватанхоҳиву ватандорӣ намуда аз худ мероси бузургеро ба ёдгор гузошт. Дар сурудҳои ӯ орзуву ормонҳои миллати тоҷик, диёри маҳбуб, ваҳдату дӯстӣ ифода ёфта, дар ҳар байти он бузургии қалби саршор аз муҳаббати мардуми сарбаланди тоҷик бо шеваи хос ситоиш ёфтааст.

Устод Ҷамшед Исмоилов дар марҳалае, ки муҳлат дошт хушу гуворо ба сар бурд, суруду таронаҳои дилангезе эҷод намуду ба ин васила дар қалбҳои пурмуҳаббати халқи бузургвораш ҷой гирифт. Устод дил ба ишқ дода дар кори хайру савоб истихора накард, Ҳофизвор зист ва қавли Хоҷаро дастур қарор дода буд:

Ҳар гаҳ, ки дил ба ишқ диҳӣ, хуш даме бувад,

Дар кори хайр ҳоҷати ҳеҷ истихора нест.

Устоди санъати тоҷик замони хушдиливу осудагиро дарёфта буд ва дар маҷлиси унс ғазал хонду суруд, зеро бармалол бо тамоми вуҷудашон эҳсос карда буд, ки дар меҳани бузургаш мужда омад-Тоҷикистон ба ваҳдат расид.

Мо ҳаводорони эҷодиёти ин хунёгари асил бо камоли сидқи муҳаббат дидем, ки устод аз меҳрубонии халқи азизаш тамаъ набурд, бо ихлосу сидқ заҳмат ба харҷ доду бо хулқу лутф сазовори эҳтироми аҳли назар шуданд. Бо як сухан аз фармудаи бузургвор қабули хотиру лутфи суханашон худодод буд.

Воқеан хеле хуб ва саҳеҳ гуфтанд, ки сиришти ҳар кас сарнавишти ӯст ва шеъру мусиқӣ сарнавишти устод Ҷамшед Исмоил будааст.

Мо бо афсӯс аз реҳлати устод хабар ёфтем ва ин чанд ҳарф дар хотири озурдаамон ба ёд омад, ки гуфтем ва қитъаи зер муносиби ҳоли овозхони шаҳир, устоди санъат, ҳунарманди маъруф Ҷамшед Исмоилов, аст ва зикри он дархури авҳоли мост:

Он қофилаи шодӣ, онро ту буди ҳодӣ,

Рафтиву раҳи боқӣ, бо сӯг бипаймояд.

Будасту чунин бошад, ки ин пайки аҷал аз боғ,

Ҳар гул, ки накӯтар буд боз ояду бирбояд.

Итминони комил дорем, ки ҳар суруди ин ҳофизи хушилҳом дар қалби ҳаводорон ва мухлисони шеъру суруд ба ёдгор монда, санъати тоҷикро пойдору устувор нигоҳ медорад.

 

Эҳтиромдор: Хоналӣ Қурбонзода, ректори ДҶТИБКСМ

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.