САРВАР, ОЛИМ ВА ИНСОНИ КОМИЛ

 

Дар ҳама давру замон фарзандони фарзона рӯйи кор меоянд, ки дар рушду инкишофи илму фарҳанг саҳми босазо мегузоранд. Умуман, номи нек меросӣ набуда, дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, ҷидду ҷаҳд ва талошҳо ба вуҷуд меояд ва то дами ҳастӣ боқӣ мемонад. Дар байни роҳбарони соҳаи маориф доктори илмҳои таърих, ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» Хоналӣ Қурбонзода мавқеи ҷудогона дорад. Ӯ зодаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 ба номи И.В.Мичурини ноҳияи мазкур ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) мебошад. Хизмати ҳарбиро дар шаҳри Губахаи вилояти Перми Федератсияи Русия ба ҷо меорад. Фаъолияти меҳнатиро ба сифати омӯзгори синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ба номи Чкаловскийи ноҳияи Қумсангир шурӯъ менамояд. Аз моҳи январи соли 2016 то ҳол ректори Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф» мебошад.
Хоналӣ Қурбонзода аз давраи мактабхонӣ ба омӯзиши фанни таърих шавқу ҳаваси беандоза дошт. Асарҳои муаррихони барҷастаи тоҷик, бахусус Бобоҷон Ғафуровро пайваста меомӯхт. Баъдтар худ ба навиштани мақолаҳои таърихӣ оғоз бахшид. Ҳамин дилбастагӣ ва шиносоӣ бо осори таърихӣ буд, ки худ таҳти роҳбарии доктори илмҳои таърих, профессор Абдусаттор Мухторов соли 1999 рисолаи номзадии «Инкишофи водии Вахш дар солҳои 1946-1960»-ро дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои таърих гардид. Ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайваста буд, ки соли 2017 рисолаи доктории «Рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва мадании деҳоти Тоҷикистон дар солҳои 50-80-уми асри ХХ»-ро ҳимоя карда, ба гирифтани унвони доктори илмҳои таърих мушарраф гардид. Баробари фаъолияти меҳнатӣ як қатор рисолаву китобҳояш, ба монанди «Қуллаи камолот», «Фурӯғи ирфони Вахш», «Масти олами ирфон», «Ифтихори Ватандорӣ», «Шаҳпари инсон», «Биржа: зарурати таъсис ва дастовардҳои он», «Ёд бод, он рӯзгорон», «Самтҳои аввалияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф», «Социально – культурное развитие таджикского кишлака в 1961-1990 гг.», «Социокультурный процесс преобразования агропромышленного комплекса как стабилизирующий фактор становления социального государства: уроки Советской истории Таджикистана», «Основные этапы соцаально – культурного развитие села в Таджикистане: историко – политологический анализ», «Роҳбарӣ дар муассисаи таълимӣ» аз чоп баромада, дастраси мухлисон ва ҳаводорон гардидаанд. Аз ҷумла, дастури ӯ – «Роҳбарӣ дар муассисаҳои таълимӣ» дар партави ҳидоятҳои Сарвари давлат таълиф гардида, ба ҷанбаъҳои асосии рисолати сарварӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида шудааст.
Таҳти сарварии Х. Қурбонзода дар донишкада бо мақсади иҷрои Паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омода намудани мутахассисон – омӯзгорон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Ба ин маънӣ, ӯ қариб ҳар саҳар ба дарсҳо ворид гардида, аз ҳолу аҳволи омӯзгорон пурсон мешавад. Ба онҳо дар бораи одобу ахлоқи омӯзгорӣ, илму маърифат, бурдбориву тоқатпазирӣ, худшиносиву худогоҳӣ маслиҳат дода, таъкид месозад:
Нахуст одоб мебояд, бародар,
Ки то орад ниҳоли донишат бар.
Хоналӣ Қурбонзода на танҳо ба фанни таърих, балки ба омӯзиши адабиёти тоҷик низ шавқу завқ дорад. Аз эҷодиёти адибони классику муосир абёти зиёд медонад. Ба ақидаи ӯ, инсон на бо сурати зебо, балки бо сирати зебо бояд шарафманд бошад. Дар мақолаҳои хеш инсонҳои худхоҳ ва нисбат ба ҷамъият бепарворо мазаммат намуда, ба васф ва тараннуми инсонҳои неку оқил ва заҳматкаш мепардозад. Вай Муассисаи давлатии «Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф»-ро воситаи асосии парвариши фазилатҳои инсонӣ дониста, маҳз дар ин боргоҳи маърифат обутобёбии омӯзгоронро таъкид месозад. Яъне мақсади асосиаш ин аст, ки баъди хатми ҳар як курси такмили ихтисос омӯзгорон, ҳамчун инсони комили ҷомеа, бахри баланд бардоштани савияи дониши шогирдон хизмати арзанда намоянд.
Чанде пеш ин инсони наҷибу покдил ба синни мубораки 57 қадам гузошт. Мо, ҳамкорону дӯстон ва кормандон, ин ҷашни камолотро ба ӯ шодбош гуфта, орзуманди онем, ки комёбиҳои эҷодӣ ва шодиву хуррамӣ ҳамдаму ҳамқадамаш бошад. Дар охир бо каломи Ҳофизи Шерозӣ дар ҳаққаш дасти дуо бардошта, мегӯем:
Фариштаат ба ду дасти дуо нигаҳ дорад,
Зи дасти банда чӣ хезад, Худо нагаҳ дорад.

Сайфуллоҳ МАҲКАМОВ,
доктори илмҳои филология

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.