hostgator coupon code 50 off

Таҷрибаи пешқадам

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Маълумотнома оид ба ҷамъбасти омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқи гимназияи № 53-и ба номи Муҳаббат Маҳмудоваи шаҳри Душанбе Давлатшо Маҳмудов.

07.01.2020

Фаъолияти босамар ва таҷрибаи судманду манфиатбахши омӯзгор Давлатшо Маҳмудовро ба эътибор гирифта мо ба таҳқиқу омӯзиши он ҳанӯз соли 2016 шурӯъ намудем.

Мавсуф баъд аз хатми факултаи таърихи ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ (соли 2006) ба сифати омӯзгори фанни таърих фаъолиятро дар МТМУ №4-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз бахшидаанд.
Мавриди тазаккур аст, ки ӯ ҳанӯз аз давраи донишҷӯӣ ба ҳайси омӯзгор кор кардаанд. Баъдан дар МТМУ №7-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва аз соли 2010 дар гимназияи №53-и ҳамин ноҳияи шаҳри Душанбе ба ҳайси омӯзгори фанни таърих ва ҳуқуқ то соли 2019 муваффақона кор кардаанд.
Ҳамзамон шахси мазкур ба тариқи соатбайъ дар кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолияти босамар доранд.
Давлатшо Маҳмудов ҳамчун омӯзгори маърифатманд, навовар ва муҳаққиқи дақиқназар дар миёни ҳайати муаллимини гимназияи шаҳри Душанбе ва ҷумҳурӣ шуҳратёр аст. Муваффақияти мавсуф дар он зоҳир мегардад, ки аз методу усулҳои беҳтарини таълими муносибати босалоҳият дар таълим ба таври самарбахш истифода намуда, ба ин васила дарсро дар сатҳи баланд мегузаронад. Дарсҳояшонро бо маҳорати баланди педагогӣ баргузор намуда ҳар як дарси нав фарогири дигаргуниҳои куллии методист. Донишмандии муаллим барояшон имконият фароҳам овардааст, ки ҳини ҷараёни дарс фазои холигӣ вуҷуд надошта бошад, яъне ҳар як хонанда ба фикре, ба таҳлили андешае андармон аст.
Аз фаъолияти ҳамешагӣ қонеъ гаштан фанои муваффақият аст.
Аз ин лиҳоз, муаллим Д. Маҳмудов пайваста ҷиҳати сайқал додани дониши хеш заҳмат ба харҷ медиҳанд. Истеъдоди худро муаллим ҳамеша такмил бахшида, пайваста барои рушди ҳирфа саъю эҳтимом менамоянд.
Мо ҳамин комёбиҳои назаррасро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, ҷиҳати пайгирӣ ва тарғибу ташвиқ намудани маҳорати педагогии эшон тайи солҳои 2015, 2016, 2017 ва 2018 чандин маротиба дар дарсҳои муаллим ширкат варзидаем.
Воқеан дарси муаллим Д. Маҳмудов бо як шавқу завқи вижа оғоз меёбад
Мухтасари як дарсашон:
Хонандагон (синфи11) ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд: “Адолат” “Саодат” “Ҳақиқат” ва “Маърифат”, гурӯҳ аз 7 нафар иборат буда, дарс аз пурсиши вазифаи хонагӣ шуруъ мегардад. Дарс аз фанни ҳуқуқи инсон. Мавзӯи гузашта “Масъалаҳои нигаҳдории тандурустӣ ва ҳуқуқи инсон”, Барои таҳлил ва баррасии мавзӯъ ба ҳар як гурӯҳ муаллим масъалаҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- Ба гурӯҳи “Адолат” Масъалаи ВИЧ- СПИД ва ҳуқуқи инсон;
- Ба гурӯҳи “Саодат”- Паҳншавии ВИЧ- СПИД дар ҷаҳон ва Тоҷикистон;
- Ба гурӯҳи “Ҳақиқат” Қонунгузории Тоҷикистон дар бораи сиҳатии оила;
- Ба гурӯҳи “Маърифат”- Проблемаи нашъамандӣ ва ҳуқуқи инсон.
Хонандагон пас аз шарҳу тавзеҳи муаллим оид ба масъалаҳои матраҳшуда баҳс карда, лаҳзае пас намояндаи гурӯҳ роҷеъ ба моҳияти масъала тафсилотро пешниҳод менамояд. Дар ин росто вобаста ба дарку фаҳми масъалаҳои зикрёфта гурӯҳҳо барои тақвияти асли мавзӯъҳо тавассути андешаҳои хеш назари худро иброз медоранд, яъне як гурӯҳ гурӯҳи дигарро мукаммад менамояд.
Дар ин раванд муаллим баҳси шогирдонро назорат карда, баъзан баъзе истилоҳотро ба таври мухтасар шарҳ медиҳад. Чун ин лаҳзаи муҳокимарониҳо ва баҳс анҷом мепазирад, муаллим барои бештар маълумот пайдо кардани хонандагон саволҳои зеринро дар ихтиёри онҳо мегузорад:
1. “Мафҳуми ҳуқуқи инсонро шарҳ диҳед”.
2. “Омилҳои паҳншавии ВИЧ-СПИД дар чист”?
3. “Оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот ироа намоед”.
Баъдан ба намояндагӣ аз ҳар гурӯҳ хонандагон посухҳоро пешниҳод менамоянд.
Муаллим ба таври мухтасар баҳсу мунозираҳоро бо шарҳу тавзеҳи иловагӣ ҷамъбаст менамояд, сипас ба баёни мавзӯи нав – “Масоили риояи ҳуқуқи дастҷамъӣ дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон” шурӯъ менамояд. Дар ин ҳангом аз васоити техникӣ – компютер ва доскаи электронӣ васеъ истифода менамояд. Зермавзӯъҳо –“Ҳуқуқи халқ ба худмуаянкунӣ”, “Ҳуқуқи халқ ба баёни соҳибихтиёрӣ”, “Ҳуқуқи халқ ба истифодаи озодонаи сарватҳои табиӣ”-ро ба таври илова шарҳ медиҳад.
Мавзӯи навро муаллим ба таври мубоҳиса, инчунин нишон додани лаҳзаҳои кӯтоҳи сабти видеоии муборизаи халқҳо барои ҳуқуқ ва истиқлолият, истилоҳҳо ва ғайраро бо забони равону фаҳмо ва дар айни замон фасеҳу сода ба хонандагон ироа мефармояд.
Ҷиҳати ба умқи мавзӯъ фуру рафтанӣ шогирдон аз тарафи муаллим вобаста ба мавзӯи фавқ саволҳо тарҳрезӣ мешаванд, яъне ба истилоҳ ҷанбаи мустаҳкамкунӣ дар ба таври аъло анҷом меёбад.
Дар анҷом ба шогирдон барои инкишофи неруи зеҳнӣ адабиёти иловагӣ тавсия дода мешавад.
Ин буд мухтасари шарҳи як дарси муаллим.
Бояд арз кард, ки мақсад аз омӯзиши таҷрибаи пешқадам аз як ҷониб омӯзиши маҳорати касбии омӯзгор бошад, аз тарафи дигар тарғибу ташвиқи он дар миёни омӯзгорони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурист, то ки мо минбаъд тавониста бошем дар ҷараёни дигаргуниҳои навини таҳсилот дар замони муосир комёб шавем.
Ба ин мақсад мо тайи солҳои 2016, 2017, 2018 ва 2019 дар ҷараёни дарсҳое, ки дар донишкада бо шунавандагон омӯзгорони МТМУ-и ҷумҳурӣ гузарондем, роҷеъ ба методу усулҳои муосири таълим – муносибати босалоҳият дар таълим, ки ҳангоми таҳқиқ ва омӯзиш аз таҷрибаи Д. Маҳмудов ошкор гардид семинарҳои махсус доир намудем. Инчунин дар ҳар як дарс, мо дар курсҳои такмили ихтисос доир ба ҷузъиёти модел – дарки маърифат, усулҳои робитаи педагогӣ дар дарс, ба эътибор гирифтани хусусиятҳои фардӣ-психологии хонандагон, тарҳрезии усулҳо, ҳунари муваффақшавӣ дар рафти дарс, қобилиятҳои дидактикӣ, персертивӣ (мушоҳида), суггестивӣ (таъсиррасонӣ), ташкилотчигӣ, таълимӣ ва ғайра, ки аз таҷрибаи Д. Маҳмудов бармеояд маълумоти муфассал ироа менамоем.
Давлатшо Маҳмудов мусовӣ бо фаъолияти бобарору судманди омӯзгорӣ ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айни ба навиштани рисолаи илмӣ дар мавзӯи “Нақши Нусратулло Махсум дар таърихи давлатдории тоҷикон дар солҳои 20-уми асри xx” машғул буда, дар самти тадқиқоти корҳои илмӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Номгӯи чанде аз навиштаҳои илмии ӯ дар маҷалаи илмӣ – назариявии Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ, маҷаллаи “Ҳамрози ҷавонон” ва дигар нашрияҳои ҷумҳурӣ ба табъ расидаанд.
Илова ба ин муаллим Д. Маҳмудов иштирокчии фаъоли семинару конфронсҳои сатҳи шаҳрию ҷумҳурӣ буда, дар ин ҳамоишҳои илмӣ масоили мубрамро мавриди баррасию таҳлил қарор медиҳанд. Номбурда дар якчанд барномаҳои телевизионию радиоӣ – “Ҷаҳоннамо” – барномаи таърихӣ, “Ориёно”; радиои “Тоҷикистон” – барномаи “Ҳифриёт”, телевизиони “Синамо” – барномаи “Дар оинаи таърих”; ва амсоли ин суханрониҳои судманд кардаанд ва ба ин васила мақоми муаллимро дар шароити феълӣ дар тарбияи худшиносию худогоҳиӣ насли наврас ба таври возеҳ нишон дода, шахсияти омӯзгор ва ҷоигоҳи онро дар ҷомеа тарғибу ташвиқ менамоянд.
Мо ба таври возеҳ бо мақсади ташвиқи фаъолияти ибратбахши омӯзгор Д. Маҳмудов як дарсашонро дар шакли мақолаи муфассал бо номи Тарҳрезӣ ва ҷараёни дарс (бо усулҳои муосири таълим дар асоси таҷрибаи муаллим Давлатшо Маҳмудов) дар рӯзномаи “Омӯзгор” (№17, аз 24 апрели соли 2015) ба қалам додаем, ки дар он роҷеъ ба моҳияти дарс шароити дигаргунаҳои таҳсилот сухан меравад.
Хулоса, омӯзгор Давлатшо Маҳмудов парвардаи даврони замони истиқлолият буда, мутобиқ ба тағйироти куллие, ки дар самти таҳсилот ба вуқуъ пайвастааст фаолияташро дар ҷодаи омӯзишу парвариш ба роҳ мондааст, ки шоистаи таҳсилу офарин аст. Бинобар ин, кору пайкарашон бештар ниёз ба тарғиб дорад, аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтаем, ки минбаъд аз фаъолияти босуботу самарабахши эшон як барномаи мукаммали телевизионӣ таҳия намоем ва ба ин восита тавониста бошем дар рушди сифати таҳсилот дар кишвар саҳми бештару беҳтар гузорем.

Мудири кафедраи психология, педагогика ва
методикаи таълими МДДҶТИБКСМ
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент М.Ғиёсиев

 




Воқеан ҳам, барои камолоти инсон, доштани касбу ҳунар, илму дониш аз ҳама чизи рӯйи олам муҳим ва азизтару қиматтар аст. Зеро инсонро маҳз бо ҳунари зебояш, ақлу дониш, маҳорат, касбу кори некаш, ки барои атрофиён нафърасон аст, мешиносанду баҳо медиҳанд. Касби омӯзгорӣ ҳам аз қабили он касбҳое астa, ки мақому мартабаи инсонро дар байни аҳли ҷомеа афзуда, омӯзгорро соҳибэҳтиром менамояд. Омӯзгор дар тамоми давру замонҳо устоди маънавӣ, тарбиятгари руҳи инсон буд ва бо ин кори наҷибаш аз ҷониби ҳамагон сазовори қадршиносӣ шудааст. Ӯ ҳамеша бо андешаи нек, дили софу пок хидмати халқро ба ҷо оварда, ба фарзандони халқ дарси ахлоқу одоб, маърифату фазилат, инсондӯстию инсонгариро омӯхтааст. Дар шароити кунунӣ низ, вазифаи омӯзгор бештар мураккабу серталаб гардида, дар кори азими таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндасози миллатанд, назаррастар ба чашм мерасад.  

Ҳоло дар ҷумҳурӣ шумораи омӯзгорони пуртаҷрибаю эҷодкор, ташаббускору салоҳиятнок ва масъулиятшиносу навовар, ки пешрафти ҷомеа ба онҳо вобастагӣ дорад, зиёд шуда истодааст.
Яке аз масъалаҳои мубрам ва асосие, ки имрӯз омилҳои пешрафти фаъолияти омӯзгоронро дар рушди соҳаи маориф муайян мекунад ва ба талаботи замон ҷавобгӯй аст, ин дарёфту муаррифӣ, паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорони соҳибтаҷрибаю навовар ва баландихтисоси ҷумҳурӣ аст. Ҷиҳати муҳими ин навъи омӯзиш дар он зоҳир мегардад, ки истифодаи таҷрибаи пешқадами омӯзгорӣ дар камолоти зеҳнӣ, фаъолияти минбаъда баҳри баланд бардоштани савияи дониш, ташаккули малакаю маҳорат ва истифодаи методҳои мухталифи муосири педагогӣ барои омӯзгороне, ки ин пешаро интихоб кардаанд, созгор аст. Бинобар ин шиносоӣ бо таҷрибаи бой ва донистани фаъолияти пурсамари омӯзгорони пешқадами муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имрӯз барои мо омӯзгорон, алалхусус, омӯзгорони ҷавон, ки ба он зарурат доранд, муҳим аст.
Вазъи воқеиро ба эътибор гирифта, раёсати Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф аввалин маротиба иқдоми омӯзиши таҷрибаи пешқадамро бо иштироки бевоситаи мутахассисон ва омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар донишкада роҳандозӣ намуд. Мақсад аз омӯзиши таҷрибаи пешқадами омӯзгорон иборат аз он аст, ки фаъолияти босуботи онҳо минбаъд ташвиқу тарғиб шавад. Зеро омӯзгори имрӯза ниёз ба омӯзиши методу усулҳои нави таълимро дорад.
Дар донишкада айни замон фаъолияти зиёда аз 22 нафар омӯзгорони навовару эҷодкор, пурсамару ибратбахш ва маҳорати баланди касбиро соҳиб гардидаанд, мавриди омӯзиш, тарғиб ва паҳнкунӣ қарор гирифтаанд.
Маврид ба тазаккур аст, ки солҳои баъдӣ низ омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар донишкада муттасил идома меёбад. Ҳамаи ин иқдомҳои наҷибу созанда метавонад, сатҳу сифати таълимро дар ҷумҳурӣ пурзӯртар намояд.
Дар фарҷом он омӯзгороне, ки таҷрибаашон боиси дастгирист ва ҳангоми баргузории дарс, тайёр намудани хонандагон ба муассисаҳои олии кишвар муваффақ шудаанд, бо дипломи «Мактаби таҷрибаи пешқадами педагогӣ» мушарраф гардонида мешаванд.

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.