Такмили ихтисос омили рушди сифати таҳсилот

 

18.02.2020Бо мақсади баланд бардоштани тахассуси касбии омӯзгорон ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Федератсияи Руссия, роҳбарияти донишкада аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода намуда истодааст. Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, муассисаи таълимӣ буда, яке аз самтҳои фаъолияти он аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани кормандони соҳаи маориф мебошад. Дар заминаи ин худи кормандону омӯзгорони донишкадаро лозим аст, ки барои сайқал додани маҳорату малакаи касбии худ аз курсҳои такмили ихтисоси муассисаи таълимии кишварҳои пешрафта гузаранд.

Аз ин рӯ, бо ташаббуси роҳбарияти донишкада дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии химия-технологӣ ва Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ш. Ивановаи Федератсияи Руссия рӯзҳои 17-21 феврали соли ҷорӣ курси такмили ихтисоси «Менеҷмент дар соҳаи маориф» барои кормандону омӯзгорони донишкада ва филиалҳои он ба роҳ монда шуд. Барои баргузории курси мазкур 2 нафар мутахассисони варзидаи ин муассиса Торшина Михаил Евгеньевич, н.и.п, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии химия-технология ва Иванова Елена Василиевна, мудири кафедраи идоракунии соҳаи маорифи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи ш. Иванова ба донишкада ташриф оварданд.

Санаи 17.02.2020 вохӯрии роҳбарияти донишкада бо меҳмонон баргузор гардид. Тибқи нақша курс барои 80 нафар пешбинӣ гардида он дар ду баст гузаронида мешавад. Имрӯз аввалин машғулиятҳои худро дар МТМУ 65-и н.Шоҳмансури ш. Душанбе оғоз намуд.

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.