МАЪЛУМОТНОМА
Ном: Шуъбаи робитаи байналмилалӣ, татбиқи лоиҳа ва грантҳо
Соли таъсис:2008
Шуъба тибқи ҷадвали басти воҳидҳои кори тасдиқшуда аз 4 нафар иборат мебошад:
1 сардори шуъба;
2 сармутахассис;
3 мутахассис.
Сардорони шуъба
Раҷабов Зикриё — солҳои 2008 — 2010, 2012 — 2013;
Бобоев Ҳабибулло — солҳои 2010 — 2012;
Аълобону — солҳои 2013 -2014;
Ҳабибова Собира — солҳои 2014 — 2023;
Ҳасанов Саидашраф — аз феврали 2023
Вазифаҳои шуъба аз инҳо иборат аст:
— ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф, ҳамоҳагсозӣ ва мусоидат намудан ба фаъолияти онҳо;
— ҳамоҳангсозии нақшаю барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
— таҳияи лоиҳаҳои мухталиф оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф;
— дарёфти грантҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дохилию хориҷӣ барои ҳалли масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ;
— ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ бо мақсади аз курсу семинарҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ гузаронидани кормандони соҳаи маориф;
— дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ доир намудани мизи мудаввар ва конконфронсу семинарҳо дар масъалаи такмили ихтисос ва бозомўзӣ;
— якҷоя бо ташкилотҳои хориҷӣ таҳия ва татбиқ намудани нақшаю барномаҳои таълимии муштараки такмили ихтисос ва бозомўзӣ;
— таҳияи лоиҳаи созишномаю шартномаҳои байналмилалии донишкада оид ба масъалаҳои такмили ихтисос ва бозомўзӣ;
— ба танзим даровардани сафарҳои хориҷии кормандони донишкада.