ТАҲКИМИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ФАНҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ — КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ДАҚИҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (STEM)

ТАҲКИМИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ФАНҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ — КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ДАҚИҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (STEM)

7-уми майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато Амир Пирич баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият дар фанҳои технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ва инчунин дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” (STEM), дастгирии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, боло бурдани сифати таҳсилот, таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ бо технологияи нав ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф мубодилаи афкор намуданд.

Ҷамшед Ҷӯразода иброз дошт, ки мақсади лоиҳаи мазкур беҳтар намудани сифати таълим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва мусоидат намудан ба омӯзгорон барои истифодаи васеи барномаҳои таълимии босалоҳият асосёфта, маводҳои таълимӣ ва омӯзишӣ оид ба фанҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҷҳизотҳои лабараторӣ дар сатҳи таҳсилоти миёна ва касбӣ-техникӣ равона шудааст.

Дар идома директори дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато Амир Пирич аз ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд кард, ки бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки лоиҳаи болозикр барои дастгирӣ намудани ислоҳот ҷиҳати ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар Тоҷикистон бо диққати махсус ба фанҳои дақиқ (физика, химия, биология ва математика) барои такмил додани таълим ва низоми омӯзиши омӯзгорон равона шудааст.

https://www.facebook.com/groups/473204148066974/user/61553133293110