МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ ДАР МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ ДАР  МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ВА МИЁНАИ УМУМӢ

Таърихи   кафедра

Кормандони илмӣ ва методии кафедра аз рӯйи нақшаю  барномаҳои тарҳрезишуда бо  ташкилу баргузории  курсҳои   такмили  ихтисоси омӯзгорони  синфҳои  ибтидоӣ,  мудирону  сармураббиёни кӯдакистонҳо ва омӯзгорони марказҳои инкишофи  кӯдакон, мураббиёни мактаб — интернатҳо такмилу  дар  амалия  ҷорӣ  намудани  методикаи таълими  ҳамгиро, муносибати босалоҳият, ташкили омӯзиши фаъол, таҳияи китобҳои дарсӣ барои синфҳои  ибтидоӣ, барномаҳои  таълимӣ, омӯзонидани тарзи омода намудани айёният, омӯхтан  ва  паҳн намудани таҷрибаи  пешқадами  педагогӣ машғул мебошанд.

Кафедраи мазкур соли 1992 бо номи «Кафедраи тарбияи  томактабӣ  ва  таҳсилоти  ибтидоӣ» ташкил  гардида,  ба он то ин давра доктори  илмҳои  педагогӣ  шодровон  Раҳматулло Қурбонов, номзадҳои илмҳои педагогӣ Шайх Тағоев, Ибодулло  Абдуллоев, Зулфия Тошбоева, Мақсудова Маҳбуба, Каримов Тоҷиддин, Табаров Саидхон, Норова  Зарина, Холзода Зуҳро роҳбарӣ намуданд. Айни  замон, вазифаи  мудири  кафедраро  Манучеҳр  Вализода ба уҳда дорад.

Аъзоёни  кафедра  ба ташкили  мунтазами  курсҳои  такмили  ихтисоси  омӯзгорони  таҳсилоти ибтидоӣ ва омӯзгорони  томактабӣ муассисаҳои  томактабии шаҳру   ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ муваффақ гардидаанд. Дар  кафедра  ҳоло омӯзгорони ботаҷриба аз ҷумла, ба ҳайси мудири  кафедра Манучеҳр  Вализода, омӯзгорони  калони кафедра Холмурод  Мусоев, Тутихон Девоншоева, Намозхон  Бобоев, Махфират  Солиева, Шаҳнозаи Турсунзода, Сабринаи Назирӣ, номзадҳои илмҳои  педагогӣ Ибодулло Абдуллоев, Фарҳод Талбаков, Маҳина Бобоева ва лаборант Нилуфар Файзова кору фаъолият   менамоянд.

Дар кафедра инчунин, курсҳои  такмили  ихтисос  ва  бозомӯзии  омӯзгорони синфҳои ибтидоии таълимашон бо забони ӯзбекӣ ва қирғизӣ  низ аз рӯйи нақша ташкил ва баргузор  карда мешавад. Яке аз ҷиҳатҳои  мусбати  курсҳои  такмили  ихтисос, ки кафедра  ба зимма  дорад, аз он  иборат  аст, ки асосан корҳои амалӣ дар муассисаҳои таълимии такягоҳӣ ва муассисаҳои таҷрибаи  пешқадами  педагогидошта ҷараён  мегиранд. Толорҳои  чунин  таълимгоҳҳо бо айёниятҳои  ибратбахш, техникаи  компютерӣ таҷҳизонида шуда, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ низ фаъолият мекунанд. Натиҷагирӣ аз курсҳо тавассути пурсишномаҳо бе зикри  ному насаби шунаванда ҷараён гирифта, таҳлилу хулосаи  ҷавобномаҳо  дар  Шурои  кафедра  баррасӣ  мегардад.

Дар кафедра намунаҳои беҳтарини корҳои эҷодӣ, матни  лексияҳои дар Шурои кафедра тасдиқшуда, нақшаи тақвимӣ, барномаҳои  таълимӣ, сенарияи  баргузории ҷамъоъомадҳои  тантанавии дохилимуасиссавӣ, беруназсинфӣ ва дарсҳои тарбиявӣ маҳфуз аст, ки роҳбарони  муассисаҳои  таълимӣ, омӯзгорон аз онҳо  васеъ  истифода  мебаранд. 

Фаъолияти  кафедра  дар  ҳамкории  зичи  эҷодӣ  ба Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳури Тоҷикистон, кафедраҳои марбутаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба  номи С.Айнӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявии томактабӣ ва мактаб — интернатҳо  ҷараён дорад, ки боровар  аст.

Ба фаъолияти кафедра дохил мешаванд:

  1. Баргузории курсҳои такмили ихтисос;
  2. Семинарҳои мақсаднок ва мизҳои мудаввар;
  3. Корҳои амалӣ дар мактаб ва кӯдакистонҳои такягоҳӣ;
  4. Таҳияи барномаҳои таълимӣ ва дастурҳои методӣ;
  5. Нашри мақолаҳои илмӣ, методӣ ва оммавӣ;
  6. Кор бо мавзуъҳои илмии кафедра;
  7. Тақризҳо ба корҳои эҷодии шунавандагон;
  8. Ширкати фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятии  донишкада;
  9. Расонидани  ёрии  методӣ  ба  кормандони   соҳаи маориф;

10.Омӯзиш ва тарғиби таҷрибаи пешқадами педагогии омӯзгорон.