Раёсати кадрҳо ва котибот

Маълумоти мухтасар оид ба фаъолияти раёсати кадрҳо ва котибот

Дар фаъолияти давлатӣ сиёсати кадрӣ яке аз муҳимтарин самти фаъолият ба шумор рафта, дар татбиқи сиёсати кадрӣ ва ҷобаҷогузории ҳайати кормандон нақши калон мебозад. Ин сиёсат бояд аз мақомоти олии давлатӣ шурӯъ шуда, то ба зиннаҳои пасттарини ташкилоту муассисаҳо рафта расад. Он маҷмӯи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлатӣ буда, фалсафаи он аз идоракунии илмию амалии захираҳои инсонӣ, зеҳнию ақлӣ ва меҳнатӣ иборат мебошад.

Татбиқи дурусти сиёсати кадрӣ ва дуруст ҷо ба ҷо намудани фаъолияти кадрӣ ба давлат имконият медиҳад, ки дар давраи муайяни таърихӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо бо сарбаландӣ ба нафъи давлату ҷомеа ҳаллу фасл намояд.

Дар фаъолияти касбии худ кормандони раёсати кадрҳо ва котибот санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, ки ҳуқуқи ҳар инсон ва шаҳрвандро ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат, ҳимояи иҷтимоӣ, музди кор, манъ будани ҳамагуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ, инчунин ба таҳсил дар муассисаҳои олии касбӣ кафолат додааст, ба роҳбарӣ мегиранд.

Дар таркиби раёсати кадрҳо ва котиботи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ амал мекунад. Раёсат тибқи ҷадвали басти воҳидҳои кории тасдиқшуда аз 7 нафар иборат мебошад:

1 сардори раёсат,

1 сармутахассис,

1 ҳуқуқшинос,

2 мутахассиси коргузор,

1 мутахассиси бойгонӣ

1 нозири ҳифзи меҳнат.

Вазифаҳои асосии раёсат:

— ташаккулёбии сифатнок ва истифодаи самараноки иқтидори кадрии Донишкада бо назардошти имкониятҳои инкишофи он;

— таҳияи низоми ишғоли мансабҳо ва ҷойҳои корӣ, истифодаи усулҳои илмии омўзиши сифатҳои корӣ ва касбии кормандон ҳангоми интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва банақшагирии пешрафти тахассусии онҳо;

— иҷрои корҳо оид ба мутобиқгардонии касбии кормандони нав, омўзиши сабабҳои ҷойивазкунии кадрҳо, тамоюли тағйирёбии ҳайати коллектив, таҳияи чораҳо оид ба муътадилгардонии шуғли кадрҳо;

— таҳлили мунтазами ҳолати кори кадрӣ дар Донишкада, филиалҳо ва таҳияи тадбиру пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани натиҷаҳои меҳнатӣ;

— назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба фаъолияти Донишкада ва филиалҳои он.

— баҳисобгирии ҳайати шахсии кадрҳо ва пешниҳоди ҳисоботҳои муқарраршуда, пешбурди манбаи маълумотҳои захиравии ҳайати шахсии кормандон;

— бо тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи кормандон, таҳлили натиҷаи он ва пешниҳодҳо оид ба такмили гузаронидани он, ҳамчунин таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазшавии самаранок дар вазифаҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони Донишкада.

— ба низом даровардани парвандаҳои шахсии кормандони Донишкада;

— ба қайдгирии мавод, ҳуҷҷатҳои ба Донишкада воридшуда ва ирсолшаванда.

— назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои роҳбарияти Донишкада ва аризаю пешниҳодҳои шаҳрвандон, ташкилотҳо ва кормандони Донишкада;

— ташкил ва ба роҳ мондани тарзи дурусти истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва фаъолияти бойгонӣ.

— назорат ва таъмин намудани иҷрои саривақтии ҷавоби мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба раёсат воридшуда;

Раёсати кадрҳо ва котибот маркази идораи кадрии Донишкада буда, мақсади ниҳоии он фаъолияти муваффақиятноки мақоми мазкур, баланд бардоштани қаноатмандии касбию моддии ҳар корманд, ҳифзи сиҳатӣ ва таъмини бехатарии кормандон мебошад.