ШАРТНОМАИ НАВИ ҲАМКОРӢ ИМЗО ШУД

Дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон санаи 15 марти соли 2024 гуруҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази маҳорати педагогии Мактабҳои зеҳнии Назарбоев ташриф оварданд.

Дар ибтидо бо мақсади тавсияи ҳамкориҳои мутақобилаи судманди тарафҳо дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон, бозомӯзии касбӣ ва баланд бардоштани маҳорати педагогии кормандони соҳаи маориф байни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Маркази маҳорати педагогии Мактабҳои зеҳнии Назарбоев Шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Шартномаи ҳамкориро Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Мирзозода ва Директори Маркази маҳорати педагогии Мактабҳои зеҳнии Назарбоев Жанбота Кабдикаримова ба имзо расониданд.

Имзои шартномаи ҳамкорӣ байни муассисаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон қадами муҳим дар таҳким ва рушди низоми таълимии ду кишвар мебошад. Ин иқдом на танҳо рамзи оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ буда, балки дарҳои табодули дониш, таҷриба ва маҳорати инноватсиониро дар соҳаи такмили ихтисоси омӯзгорон ва бозомӯзии касбӣ боз мекунад.

Шартномаи ҳамкории имзошуда аҳамияти рушди бемайлони касбии омӯзгоронро ҳамчун асос барои баланд бардоштани сифати таълим ва татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти таълим таъкид мекунад. Ҳамкории байни муассисаҳои такмили ихтисоси ду давлат таҳияи барномаҳои муштарак, табодули коршиносон ва баргузории чорабиниҳои омӯзиширо дар бар мегирад, ки бешубҳа ба афзоиши сатҳи касбии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои инноватсионии таълиму тарбияи хонандагон мусоидат мекунад. Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ ба рақамикунонии раванди таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ба амалияи педагогӣ диққати махсус дода мешавад, ки ин раванд дар партави тамоюлҳои ҷаҳонӣ ва ниёзҳои фазои муосири таълимӣ ба мақсад мувофиқ ҳисобида мешавад. Омӯзгорони ҳарду кишвар ба захираҳое дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ба онҳо имкон медиҳанд, ки саводнокии IT-и худро баланд бардоранд, малакаҳои таълимии онлайнро инкишоф диҳанд ва воситаҳои рақамиро барои баланд бардоштани самаранокии таълим истифода баранд.

Ғайр аз он, ҳамкорӣ фаъолияти таҳқиқотиро дар бар мегирад, ки ба омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами педагогӣ дар соҳаи маориф нигаронида шудааст, ки на танҳо ба мутобиқсозии таҷрибаҳои муваффақи байналмилалӣ, балки ба таҳияи қарорҳои инноватсионии худ, ки ба хусусиятҳо ва ниёзҳои системаи таълимии ҳар як кишвар ҷавобгӯ мебошанд, мусоидат мекунад. Имзои шартномаи ҳамкорӣ як қадами муҳим дар самти эҷоди шарикии устувор барои дастгирӣ ва рушди ҷомеаи касбии омӯзгорон мебошад. Ин ҳамкорӣ уфуқҳои навро барои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои муштарак барои беҳтар кардани сифат ва дастрасии таълим барои ҳамаи хонандагон боз мекунад. Умедворем, ки ин шартнома барои ҳамкории дарозмуддат ва самарабахш, ки дар соҳаи маориф ва такмили ихтисосу баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон асос хоҳад шуд.

https://www.facebook.com/groups/1340102256547260