ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз дар Донишкада ба муносибати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ Ректори Донишкада, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, муҳтарам Мирзозода Наврӯз Довудхоҷа, муовинони ректор, сардорони раёсату шуъбаҳо, мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону кормандони Донишкада иштирок намуданд. Чорабиниро Ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуд. Дар идома қайд гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Наврӯзи Аҷам дар кишвари мо бо тамоми суннатҳои некаш баргузор мегардад. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, ки ин ибтикори наҷиб ифтихори тамоми мардуми ориёитабор аст. Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои суннатии мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст. Ҷашни Наврӯз таҷассумгари некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро буда, фарҳанги оламшумули мардуми тоҷикро тавассути ойинҳои худ машҳури олам гардонидааст. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ректори Донишкада ғолибони озмунҳои “Хонӣ Наврӯзӣ”, “Беҳтарин рӯзномаи деворӣ” ва ғолибони чорабиниҳои варзишӣ, инчунин як қатор омӯзгорону кормандони Донишкада, ки барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, тарбиявӣ, ва илмию таҳқиқотӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, бо Сипосномаи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сарфароз гардонида шуданд. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҳаваскорони Донишкада чорабинии фарҳангӣ бо сурудани сурудҳои идона ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид. Кормандону омӯзгорон аз тамошои намоиши фарҳангӣ як ҷаҳон ҳаловат бурда, изҳори қаноатмандӣ ва сипосгузории самимии худро изҳор намуданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз сипосу миннатдории худро ба ҳамаи ҳунармандону иштирокчиёни озмун ва ҳофизон расонид ва аз ҳунару истеъдоди эшон изҳори болидагӣ намуд.

https://www.facebook.com/photo/?fbid=1199806067653005&set=pcb.1583892468834903