Вазорат

Маориф дар Тоҷикистон — яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад:

Бо вуҷуди ҳамагуна мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар ин минтақа дар охири соли 1918 19 мактаб ва соли 1919 73 мактаби дараҷаи якум ва дуюм амал мекард. Соли 1920 аввалин мактаби ибтидоии духтарона дар Хуҷанд таъсис дода шуд.

Ба тараққиёти минбаъдаи мактабҳои нав қарори қабулнамудаи Комитети иҷроияи марказии Туркистон аз 5 августи соли 1919 мусоидат намуд. Мувофиқи он шӯроҳои маҳаллӣ вазифадор гардиданд то ҳамаи биноҳоеро, ки барои эҳтиёҷоти соҳаи маориф сохта шудаанд, новобаста аз тобеияташон ба ихтиёри шӯроҳои маҳаллии маорифи халқ вогузор намоянд. Барои дар амал татбиқ намудани қарори шӯроҳои маҳаллии ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон комиссияи махсус ҷиҳати муайян намудани чунин биноҳо ташкил ёфт.

Барои вусъат додани сохтмони мактабҳои нав Шӯрои Комиссариати халқии ҶХШС Туркистон соли 1919 ба Комиссариати маорифи халқ аз буҷет зиёда аз 200 млн. сум ҷудо намуд. Аз ин миқдор 700 ҳазораш барои рушду нумӯи маориф ва тандурустии уезди Хуҷанд ҷудо гардид. Дар натиҷа дар охири соли 1921 дар ин ҷо 37 мактаб фаъолият дошт, ки дар онҳо 1197 нафар хонанда таҳсил мекард. Мактабҳои нави шӯравӣ на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳаҳо низ таъсис меёфтанд. Ба ташвиқоти баъзе мухолифи ҳукумат н нигоҳ накарда, халқи заҳматкаш дар ташкилу таъсиси мактабҳои нав фаъолона иштирок мекарданд. Масалан, аҳолии Хуҷанд соли 1923 барои сохтмони мактаби нав 14000 сум ҷамъ намуда, дар сохтмону тармими мактабҳо иштирок карданд. Дар Самарқанд бошад, аҳолӣ барои таҷҳизонидани мактаб-интернати бачагони ятиму бепарастор қариб 40 ҳазор сум ҷамъ оварданд.

Аз соли 1921 дар қисматҳои Бухорои шарқӣ аввалин шуда ба сохтмони мактаби нави шӯравӣ иқдом намуданд. 15 марти 1921 дар Душанбе Нозироти вилоятӣ (Шуъбаи маорифи халқи Бухорои Шарқӣ) таъсис ёфт. Бо ташаббуси ин Шуъба июли 1921 Анҷумани вилоятии кормандони маориф давъат шуд. Дар ин Анҷуман камбудҳои кори мактабу маориф мавриди муҳокима қарор гирифтанд ва роҳҳои бартараф намудани онҳо муайян гардиданд.

Анҷуман вазъи соҳаи маорифро дар Бухорои Шарқӣ таҳлилу баррасӣ намуда, доир ба тараққиёти минбаъдаи он қарори дахлдор қабул намуд. Дар натиҷаи чорабиниҳои мушаххас баҳори соли 1921 дар Бухорои Шарқӣ 5 мактаби нави шӯравӣ таъсис ёфт, ки дар онҳо 600 нафар бачагон таҳсил мекарданд. Ҳамзамон, мактабҳои нави шӯравӣ дар Кӯлоб, Ховалинг, Ғарм, Ҳоит ва дигар мавзеъҳо ташкил ёфтанд. Соли таҳсили 1923–1924 дар Кӯлоб, Ғарм ва Душанбе яктогӣ интернат кушода шуд, ки дар онҳо 92 нафар бачагон дарс мехонданд. Соли 1923 дар Помир дар назди кумитаи инқилобии вилоят Шуъбаи маорифи халқ таъсис ёфт, ки ҳамзамон вазифаи мактабро ба уҳда дошт. Дар назди ин мактаб барои тарбияи фарзандони деҳқонони камбағал ва ятимон интернат таъсис дода шуд. Дар мактаб ва интернат 50 нафар бачагон таҳсил мекарданд. Дар ташкили таълиму тарбияи насли навраси тоҷик қисмҳои Артиши Сурх низ фаъолона иштирок намуданд. Онҳо дар Кӯлоб ва Ғарм 50 нафар бачагонро ба тарбияи худ гирифтанд. Бо дастгирии комсомолони Шуъбаи сиёсии полки 76 дар Кӯлоб аввалин интернат сохта шуд.

Маориф дар замони истиқлол

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мураккабиҳо ва мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ба вазорат муяссар гардид, ки дар кушодани муассисаҳои томактабӣ бо номи «Марказҳои инкишофи кӯдакон» муваффақ гардад. Ҳамзамон, ташкили боғчаҳо ва кӯ дакистонҳои хусусӣ барои рушди ин зинаи таҳсилот мусоидат намуда истодааст. Маблағгузории ин муассисаҳо ҳамасола беҳтар гардида, дар соли 2010 ба 22,0 млн сомонӣ расонида шуд (соли 2000-ум 2,3 млн сомонӣ буд). Баробари таъсисёбии намудҳои нави муассисаҳои томактабӣ зарурати ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Низомномаи муассисаҳои томактабӣ ба миён омад. Барои беҳтар намудани таъминоти методию таълимии соҳаи тарбияи томактабӣ 31 октябри 2005 таҳти № 395 «Барномаи давлатии рушди соҳаи тарбияи томактабӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2006–2010» қабул карда шуд. Дар доираи барномаи мазкур як қатор боғчаю кӯдакис тонҳое, ки ғайриқонунӣ шахсӣ гардонида шуда буданд, пас гардонида шуданд ва ҳамзамон дар аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сохтмону азнавсозии муассисаҳои томактабӣ оғоз гардид. Зарурати тарбия ва таҳсилоти томактабиро ба ҳисоб гирифта Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ»-ро таҳия намуд, ки он 2 июни 2009 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Барои амалӣ гаштани ин стандарт як қатор тадбирҳо, аз ҷумла татбиқи барномаҳои ба мактаб омода намудани кӯдаконе, ки ба кӯдакистон фаро гирифта нашудаанд, дар назар гирифта шудааст. Бо ин мақсад дар назди мактабҳо гурӯҳҳои омодагӣ ташкил гардиданд. Мувофиқи ин барнома дар кӯдакистон марказҳои гуногуни омӯзиши хат, мусиқӣ, илм, рассомӣ, дӯзандагӣ, адабиёт, сохтмон ва ғайра ташкил шуда буд. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Ҳамаи ин ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани ислоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа дар давраи гузариш гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имконият фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлол назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешавад. Агар соли 2000 барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамагӣ 27,6 млн сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар соли 2011 ин нишондиҳанда 1 млрд 300 млн сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфт. Шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардид. Тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба зинаи якуми мактабҳои олӣ дохил намудани мактабҳои миёнаи махсус» як қатор техникумҳо ба коллеҷҳои наздидонишгоҳӣ ва баъзе омӯзишгоҳҳо ба коллеҷҳои мустақил табдил дода шуданд. Дар ин давра шумораи мактабҳои олӣ низ афзуд. Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Донишкадаи энергетикии Маскав (донишгоҳи техникӣ) ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи Маскав» таъсис дода шуданд. Маҳз дар даврони Истиқлолият муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таълими бисёрзинагии таҳсилот гузаштанд. Анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад. Ҳоло ба аспирантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии тобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи 30 ихтисос довталабон қабул карда мешаванд. Соли 2011 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд.

Солҳои 1992–2010 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 2000 бинои мактаб сохта ба истифода дода шудаанд. Дар ин давра ҳамкориҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дуру наздики хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ густариш ёфт. Байни Вазорати маорифи ҶТ ва вазоратҳои маориф (ва илм)-и кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ созишномаю тафоҳумномаҳои зиёде оид ба ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Маҳз тавассути ин ҳамкориҳо тайёр намудани кадрҳои болаёқат дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин давра бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои мухталифи ҷомеа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва ба мақсади танзими қабули шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» таъсис дода шуд.

19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд .

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ММТНПҶТ) таъсис дода шуд. Аз соли 2015, дар баробари МТТОК (донишгоҳу донишкадаҳо), муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ворид карда шуд, қабули донишҷӯён ба ин муассисаҳо (донишгоҳу донишкадаҳо) тавассути низоми мазкур амалӣ карда мешавад.

Ба ҳолати 20 июли соли 2022 дар Тоҷикистон 3940 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ вуҷуд дорад, ки дар онҳо 128 827 омӯзгор дарс медиҳанд. Миқдори муассисаҳои томактабӣ бошад ба 696 мерасанд.

Сомонаи расмии вазорати маорифи Чумхурии Точикистон