ПЕДАГОГИКА, ПСИХОЛОГИЯ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМ

КМ КПСС ва Шӯрои вазирони СССР 20 июни соли 1972 зери рақами 463 «Дар бораи ба итмом расидани гузариш ба маълумоти умуми миёнаи ҷавонон ва минбаъда инкишоф додани мактаби таҳсилоти умумӣ» қарор қабул карда буданд, ки банди 9-и он дар донишкадаи такмили ихтисоси ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ташкили кафедраҳои педагогика ва психологияро зарур медонист. Ин кафедраҳо аз рӯӣи низомномаашон дар амалигардонии корҳои таълимӣ, методӣ ва илмию тадқиқотии донишкадаҳои такмили ихтисос мебоист бахши асосии тахлим- сохторӣ мегардиданд.

Дар донишкадаи марказии такмили ихтисоси муаллимон кафедраи педагогика ва психология мувофиқи фармони Вазорати маорифи ҶШС Тољикистон №122 аз19 сентябри соли 1973 ташкил карда шудааст.

Дар оғоз дар ҳайати кафедра 5 корманд буд. Мудири аввалини кафедраи педагогика ва психологияи донишкадаи марказии такмили ихтисос Маҳмадулло Лутфуллоев, алъон Президенти Академияи илмҳои педагогии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Сонитар ин вазифаро олимони машҳури ҷумҳурӣ академик Иброҳим Обидов, Д. Салимов иҷро карданд. Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Холмурод Бўйдоқов роҳбарии кафедраро бештар аз 20 сол ба ўҳда дошт.

Дар кафедра солҳои гуногун дотсентҳо Хайрулло Раҳимов, Неъмат Абдуллоев, Зиёюлло Атахонов, Ш. Девонаев, М. Яҳёев, Е.А. Айзенберг, муаллимони калон Я. Файзов, С. Наимов, Г.А.Мазитова, Г. Лутфонов ва бисёр педагогҳои ботаҷриба кор кардаанд.

Кафедра бо кори ташкили лексия дар курсҳои такмили тихтисос , семинарҳо, санҷишҳои гуногун, суҳбатҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ, таҳияи нақшаю барномаҳои таълимии фанҳои педагогика ва психология барои такмили ихтисоси кадрҳои педагогии ҷумҳурӣ, тарғиб ва дар фаъолияти мактабҳо ҷорӣ намудани тадқиқотњои илмӣ оид ба педагогика ва психология, расонидани ёрии методӣ ба кормандони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияњо, марказҳои вилоятӣ ва шаҳрии такмили ихтисоси кормандони маориф, дарёфтан, омӯхтан ва тарғибу татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами кори педагогӣ машғул аст. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти кафедра пешбурди корҳои илмию тадқиқотист. Оид ба ташаккули талаботи омӯзгорон ба донишҳои психологию педагогӣ солҳои аввали таъсисёбии кафедра чунин корҳо ба сомон расонида шуда буд:

а) муҳайё сохтани шароит барои кори мустақилонаи омӯзгорон бобати худомӯзии педагогию психологӣ ҳангоми ширкат дар курсҳои такмили ихтисос (дарёфти адабиёти зарурӣ, консултатсияҳои фардӣ аз рӯӣи ҷадвал ва ғайра).

б) шарҳу тавзеҳи таълими психологӣ барои шунавандагони курсҳои дараҷаи гуногун.

в) мувофиқкунонии нақшаю барномањои таълимии курсу семинарҳо ба талаботи замон.

Солҳои сипаришуда кормандони кафедра ба он кӯшиданд, ки дараҷаи илмию назариявии чорабинињои нақшавӣ мунтазам баланд шуда, шаклу методҳои кор бо кадрҳои педагогӣ такмил ёбад. Кафедра баргузории семинарњои сайёрро дар шаҳру ноҳияҳо оид ба тарғиб ва татбиқи донишҳои психологию педагогӣ бо иштироки кормандони маориф, падару модарон, аҳли ҷамоатчигӣ, омӯхтани имконоти кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф оид ба ташкил ва санҷиши иҷрои супоришҳои пеш аз курс ва баъди курс, пешкаши тавсияњои методӣ дар бораи навиштани рефератҳоро ба расмият дароварда буд. Натиҷаи пажӯҳишҳои илмии аъзоёни кафедра имкон дод, ки маҷмӯаи илмии «Хусусиятњои психологию педагогии худомӯзии муаллимон» таҳия гардад.

Ҳар сол кафедра барои муаллимоне, ки дар макбтаб берун аз дарс оид ба «Одоб ва психологияи ҳаёти оилавӣ» бо хонандагон машғулият мегузаронанд, семинари мақсаднок созмон медод. Бо лекторони марказҳои вилоятию шаҳрии такмили ихтисос ҳар вақт семинарҳои 10-рўза низ гузаронида мешуд. Ба ғайр аз силсилаи лексия оид ба мавзуҳои педагогӣ ва психологӣ дар семинарњо инчунин бо мақсади сухангӯии якдигарро мушоҳида ва ба он баҳо додан машғулиятњои амалӣ баргузор мегардид. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати лекторӣ дар донишкада бо ёрии узви кафедра университети маҳорати лекторӣ фаъолият мекард. Профессор Холмурод Бӯйдоқов солҳои фаъолияташ ба ҳайси мудири кафедраи педагогика ва психология чунин асарҳои илмиашро ба чоп расонд:

«Дарс», «Диалектикаи таълим», «Асосҳои психологии идоракунӣ», «Маълумоти педагогӣ ва психологӣ барои мактабҳои олии ғайрипедагогӣ» ва ғайра. Солҳои 2002-2004 ба кафедра номзади илмњои педагогӣ Абдуњалим Ғаффоров низ роњбарӣ кардааст.

Дар кафедра 5 воњиди корӣ будааст:

 мудири кафедра 1 нафар,

 профессор 1 нафар,

дотсент 1 нафар,

муаллими калон 2 нафар.

Ба зиммаи кафедра ғайр аз ташкилу хондани лексия оид ба педагогика ва психология ташкили курсҳои такмили ихтисоси ҷонишинони директори мактабҳои таҳсилоти умумӣ оид ба тарбия, мудири китобхонаҳо, роҳбарони созмонҳои талабагӣ, тақриз ба рефератњо, ташкили семинарҳои мақсаднок низ гузаронида шудааст.

Аз рӯйи маълумотномаи дар донишкада маҳфузбуда аён аст, ки дар ҳамаи курсҳои нақшавӣ аз рӯйи барномаи таълимӣ машғулиятҳо баргузор мегарданд. Барои хондани лексия дар курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои мақсаднок мутахассисони ботаҷриба аз дигар муассисаҳо низ ҷалб карда мешаванд. Масалан лексияҳое, ки оид ба ташкили замонавии кори китобхонаҳо, алалхусус китобхонаҳои мактабӣ муаллими калони кафедраи китобдории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, номзади илмҳои педагогика С. Файзов дар курсҳои такмили ихтисоси мудирони китобхонаҳои мактабӣ мехонад, ҷолиб аст. Санҷиши натиҷагирӣ аз лексияю машғулиятҳои амалии ин устод дар шаҳри Роғун собит намуд, ки онҳо фоидаоваранд. Ин ақидаро шунавандагони курсу семинарҳо-мудири китобхонаҳо бо кори амалиашон тасдиқ намуданд. Натиљагирӣ аз курсҳоро аъзои кафедра дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 34 ва 28-и шаҳри Душанбе ва маркази кўдакону наврасони назди идораи маорифи пойтахт низ доир карданд, ки сифатнокии хуби онҳоро собит кард.

Семинари 2-рӯзаи моҳи майи соли 2007 дар ноҳияи Рашт бо иштироки ҷонишинони директорони мактабҳо оид ба тарбия, мудири китобхонаҳо, роҳбарони синф дар мавзӯи «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои кормандони соҳаи тарбияи мактабҳои таҳсилоти умумӣ» таъсис додаи муаллими калони кафедра Абдулло Солиев манфиатбахш буд. Ҳамин тариқ  аъзоёни дигари кафедра дотсент А. Ғаффоров, Ҷ. Ятимова, И. Мирзоматов сарбории таълимиро оид ба хондани лексияҳо дар курсҳои такмили ихтисос тибқи дархости кафедрањои тахассусӣ пурра иҷро менамоянд.

Кафедра нақшаи илмию тадқиқотӣ дорад. Вале бо ин кор 2 соли охир танҳо мудири кафедра Т. Атахонов машғул аст. Дар ин давра ӯ корҳои зеринро иҷро намудааст:

1.Таҳияи барномаи таълимии «Педагогика» барои курсҳои такмили ихтисоси 18 ва 26 рӯзаи омӯзгорони фаннии мактабҳои тањсилоти умумӣ ва кормандони зинаҳои дигари маориф.

2.Таҳияи барномаи «Психологияи синнусолӣ» барои шунавандагони курсҳои 18 ва 26 рӯза.

3.Таҳияи барномаи «Тарбия дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ» барои шунавандагони курси такмили ихтисоси кормандони идора ва шуъбаҳои маориф.

4.Таҳияи барномаи курсҳои такмили ихтисоси мудири китобхонаҳои мактабӣ «Асосҳои китобхонашиносӣ ва библиографияшиносӣ».

Илова ба инҳо Т. Атахонов дар матбуоти даврӣ мақолаҳои зиёде низ чоп намудааст.

Бояд зикр намуд, ки қисми зиёди соатҳои таълимии фанни педагогика ва психология аз тарафи лекторои ғайриштатӣ, омӯзгорон-тренерҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо хонда мешаванд ва сифати онҳоаксар аз тарафи узви кафедра (аз сабаби камиикормандони бастӣ ва сафархарљиҳо) назорат намебинад. Ҳангоми дар пойтахт доир шудани курсҳои такмили ихтисосин норасоиҳо сарфи назар мешуда буд.

Аз солҳои 2009-2024 кафедраи мазкур  аз руйи 7-воњиди корӣ фаъолият дорад.

Айни ҳол дар кафедраи «Педагогика, психология ва методикаи таълим»

Кормандони доимӣ:

-Розиқов Бедил- мудири кафедра;

-Риоев Акобир- омзгори калони кафедра

Кормандони 0,5 дохила:

— Собиров Сафарбек-дотсенти кафедра

-Улфатов Мунис- омӯзгори калони кафедра

Кормандони 0,5 ҳамкори беруна:

Ғиёсиев Меҳриддин-дотсенти кафедра;

Амонов Нодир-дотсенти кафедра;

Сатторов Асрор- дотсенти кафедра;

фаъолият доранд. Маврид ба зикр аст, ки кафедра аз руйи 8-барномаи таълимлӣ фаъолияташро пеш бурда истодааст, ки дар шакли зайланд:

  1. БАРНОМАИ

ТАЪЛИМИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС АЗ ФАНЊОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ КАСБӢ БАРОИ МУДИРОН, САРМУРАББИЁН ВА МУРАББИЁНИ МУАССИСАЊОИ ТОМАКТАБӢ

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМӢ  АЗ ФАНҲОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ КАСБӢ БАРОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОИИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМӢ АЗ ФАНҲОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ КАСБӢ БАРОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КАДРҲОИ РОҲБАРИКУНАНДА

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМӢ АЗ ФАНҲОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ КАСБӢ БАРОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН ВА МУРАББИЁНИ  МАКТАБИНТЕРНАТҲО ВА ХОНАҲО КӮДАКОН 

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМӢ  АЗ ФАНҲОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ КАСБӢ  БАРОИ КУРСҲОИ  ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМӢ АЗ ФАНҲОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯИ КАСБӢ БАРОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ РОҲБАРОНИ СОЗМОНҲОИ ХОНАНДАГОН, ОМОДАГИИ ИБТИДОИ ҲАРБӢ, ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ, ТЕХНОЛОГИЯ (ТАЪЛИМИ МЕҲНАТ) ВА КИТОБДОРОНИ  МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМИИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ПСИХОЛОГҲОИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ

  • БАРНОМАИ

ТАЪЛИМӢ АЗ ФАНҲОИ ПЕДАГОГИКА ВА ПСИХОЛОГИЯ КАСБӢ БАРОИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМЎЗГОРОНИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ ВА ДАҚИҚИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ