Лаҳзаҳои “Субҳи бо сафои донишкада” дар рӯзи дониш

 

“Ҳар сол дар саросари Тоҷикистон Рӯзи дониш ҳамчун санаи гиромидошти илму маърифат ҷашн гирифта мешавад, ки ин гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва эҳтироми хоссаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли илму маориф мебошад”.
(Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)
Имсол бо сабаби паҳншавии бемории эпидемияи COVID-19 ва таътилии зудҳангоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, “Рӯзи дониш” 17-уми август эълон шуд, дар ҳоле, ки ҳамасола ин рӯз рӯзи 1-уми сентябр қайд гирифта мешавад.
Лаҳзаҳои “Субҳи бо сафои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” имрӯз 1-уми сентябри соли 2020, меҳмони маърӯзачиён: мудири кафедраи педагогика, психология ва методикаи таълими, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Ғиёсиев Меҳриддин ва номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи методикаи таълими фан дар муассисаи таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ Абдуллоев Ибодулло буд.
Дар оғоз Ғиёсиев М. маърӯзаи худро дар мавзӯи моҳияти “Лоиҳаи эҷоди”-и шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бахшида дар ин самт мушкилоти мавҷуда дар шаклдиҳии “Лоиҳа”ро баршумурда хоҳони ислоҳ ва тағйирот дар низомномаи он шуд. Сипас дотсент Абдуллоев Ибодулло суханронии худро дар мавзӯи “Рӯзи дониш” оғоз намуда қайд кард, ки “Рӯзи дониш бо сабаби паҳншавии бемории эпидемияи COVID-19 ва таътилии зудҳангоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар, 17 август эълон шуд, аммо тибқи нақша ҳар сол рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун “Рӯзи дониш” қайд гирифта мешавад. Устод дар маърӯзаи худ рӯзгори замони шӯравиро бо замони ҳозира муқоиса намуда, аз шароити сахти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, толибилмон ва омӯзгорон дар даврони пеш аз “Истиқлолияти давлатӣ” сухан гуфта, пешрафти соҳаи маорифро бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дониста, ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи муборак табрик гуфта, нақши Омӯзгоронро дар рушд ва тараққии илму маърифат дар кишвар муҳим донист.
Дар поён ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода маҳфилро ҷамъбаст намуда аз нақш ва масъулияти омӯзгорон дар пешрафт ва ободонии ватан сухан гуфта ҳайати кормандон ва омӯзгоронро ба содиқона кор намудан дар донишкада даъват намуданд.

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.