Ҳаргиз намирад онки дилаш зинда шуд ба ишқ, Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.

2.09.2020

Ҳаргиз намирад онки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Қалби пуртапиши номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи методикаи таълими фанҳои гуманитарии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф устод Давлатов Аюб аз задан боз монд ва дар камоли нобоварӣ моро тарк намуд. Устоде, ки дар тӯли умри пурбаракати хеш аз худ осор ва дастовардҳои илмию пажӯҳишӣ бар ҷой гузошт. Устод рафт, аммо хотираи мондагораш, ки баромади таърихии ӯ дар лаҳзаҳои “Субҳи бо сафои донишкада” буд, дар дилу дидаи масъулон, кормандон ва омӯзгорони Донишкада боқӣ хоҳад монд..
Ҳайати кормандони кафедраи “Методикаи таълими фанҳои гуманитари”-и “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф”ин мусибатро ҷуброннопазир дониста, таъзияи амиқи худро ба наздикони марҳум изҳор менамояд.

Марде зи ҷаҳон дида фуру басту равон шуд,
Аҳволи дилам марсияхон гашту хазон шуд.

 

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.