Аз дидаҳо ба дилҳо рафт....

28.08.2020 

“Субҳи саодати донишкада” чунин ном дорад лаҳзаи сиёсӣ - фарҳангии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомузии кормандони соҳаи маорифи кишвар, ки ҳар пагоҳӣ дар доираи 30 дақиқа бо иштироки кормандону омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос баргузор мегардад ва дар он ҷанбаҳои мухталифи соҳа ки аз ҷониби муҳаққиқон ба риштаи тадқиқ кашида мешавад, баррасӣ мегардад.
Субҳи 28.08.2020 яке аз муаллимони соҳибтаҷрибаву собиқадор, номзади илмҳои таърих, устод Давлатов Аюб бо як эҳсоси масъулият ва саршор аз шодию нишот дар мавзӯи “Паҳнои Ориёно ва мардуми ориёӣ” дар саҳни бинои донишкада дар ҳузури муаллимону кормандони донишкада ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос бо маърӯзаи пурмӯҳтаво баромад намуд. Аз гузориши пурмукаммал ва баландмазмуни устод Давлатов Аюб ҳувайдо буд, ки ҷиҳати баррасии мавзӯъ заҳмати зиёд кашидааст. Ӯ бо як ҳаяҷони ба худ хос аз маърӯзаи хеш иқтибоси муҳаққиқи тоҷикшинос, д.и.т, профессори Донишгоҳи давлатии Москва, М.Н. Дяконовро ки бо суханони зайл “Ман ҳар лаҳзае, ки ба хоки Тоҷикистон ворид мегардам, пойи худро оҳиста ва бо эҳтиёт ба замин мегузорам. Ба назарам чунин менамояд, ки ин хок муқаддас аст, зеро он аз таърихи пурғановаташ лабрез аст...” Ҳангоме, ки устод ин суханонро ба забон меовард дар вуҷуди эшон эҳсоси гарми хештаншиносиву худогоҳӣ ва ғурури миллӣ бармалло инъикос мегардид. Ҳангоми арзишдоварӣ аҳли нишасти лаҳзаи сиёсӣ - фарҳангӣ ва баромади устод Аюб Давлатов баҳои баланд дода, изҳори сипос намуданд, ки устод роҷеъ ба масъалаи мақоми ориёиҳо дар таърихи тамаддуни ҷаҳон ақидаҳои ҷолиби таваҷҷуҳро дар ихтиёри ҳозирин гузоштаанд...
Мавриди зикри хайр ин аст, ки баъд аз чанд лаҳзаи гузашти субҳи 28.08.2020 риштаи умри бобаракату пур аз муҳаббат ба халқу Ватани худ канда шуд. Муаллими муҳтарам Аюб Давлатов ҷаҳони фониро падруд гуфтанд.
Воқеан, аз дидгоҳи аҳли назар фаъолияти босамару босуботи шахсиятҳои шинохтаву фидокор размҳое ниҳон доранд, ки хеле ҳам таваҷҷуҳ барангезанд, мисли он ки устод Аюб Давлатов субҳи босафоро бо як ҷаҳон шавқу рағбат дарс гуфтанду баъди чанд лаҳза дунёи фониро падруд гуфтанд.
Зиҳӣ муаллими муҳтараму арҷманд бо чунин фаъолияту заҳмати гаронарзиш ки дар роҳи хидмат ба халқу Ватан ба харҷ додаӣ. Ба хотири чунин заҳматпешаҳо Шайх Саъдӣ фармудаанд, ки:
Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

Раёсати донишкада.

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.