“Сталин- шахсияти таърихӣ”

 

16.08.2020Мавриди зикр аст, ки дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, мунтазам ҷанбаҳои мухталифи соҳа ба риштаи тадқиқ кашида мешавад, ки онҳо фарогири масъалаҳои илмӣ, методӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, шахсиятҳои таърихӣ ва роҳҳои тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон мебошанд.

Вобаста ба ин ҳар субҳ дар донишкада бо иштироки муҳаққиқон, коршиносон ва мутахассисони соҳа лаҳзаи сиёсӣ, илмӣ, маърифатӣ ва адабӣ доир ба мавзуъҳои мубрами рӯз барои омӯзгорону кормандони донишкада ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос баргузор мегардад.

Имруз доир ба ҳаёт ва фаъолияти яке аз чеҳраҳои таърихӣ, Иосиф Сталин дар мавзӯи “Сталин–шахсияти таърихӣ” аз ҷониби сардори раёсати илм ва инноватсия, муҳаққиқи масъалаҳои таърихӣ Сино Эгамбердиев баргузор гардид.

         Дар маърӯза қайд гардид, ки дар рушду нумуъи яке аз давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ, ки Тоҷикистон низ ҳамчун як узви он маҳсуб меёфт нақши И.В.Сталин ҷойгоҳи хоси худро дорад. Нақши ин чеҳраи машури сиёсӣ дар ғалабаи халқҳои Итииҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ хеле бузург аст. Аз ин хотир омӯзгорон бояд, ҳангоми дарсҳои таъриху ҷомеашиносӣ ба ин ҷиҳати масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, дар намунаи равшани фаъолияти чеҳраҳои мондагор шогирдонро дар рӯҳияи ифтихор аз ватану ватандорӣ тарбия намоянд.

         Дар фарҷоми чорабинӣ бори дигар таъкид гардид, ки омӯзгори замони муосирро зарур ва ҳатмист, ки аз ҳамин назаргоҳ-ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ба ҳирфаи хеш мутаваҷҷеҳ шавад ва ҳамзамон рисолати азалии худро ба ҳайси муаллим-тарбиятгари насли даврони ҷадид ба сомон расонад.

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.