ҲАМА МАҶБУРИ ҲУКМИ ТАҚДИРЕМ..!

 

15.08.2020Рӯзгор ва масири пуртазоди зиндагӣ на ба ҳар шахсият имкон медиҳад, ки миёни ҷомеа соҳибэътибору соҳибмақом гардад. Одатан ашхоси касбу кори гуногун инсонеро, ки ҷавҳари аслиаш саршори фазилату хирад ва кору рӯзгораш ҳамчун намуна дер боз дар хотираҳо нигоҳ медоранд. Чунин шахсиятҳо ҳамчун ситораи дурахшон дар саҳифаҳои таърихи миллат абадӣ хоҳанд монд.

Санаи 13-уми августи соли ҷорӣ дар синни 74 солагӣ, қалби яке аз чунин ситораҳо, муаллифи матни Суруди миллии Тоҷикистон ва Суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Комсомоли Ленинии Тоҷикистон, ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода ва ҷоизаи ба номи устод Рӯдакӣ, Шоири халқии Тоҷикистон устод Гулназар Келдӣ аз тапидан боз монд.



Устод доимо дар баргузории чорабиниҳои илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар иртибот буданд ва бо ҳузури мубораки худ, маҳфилҳои моро ҳусни тоза мебахшиданд.

Аз марги нобаҳангоми устоди зиндаёд аҳли донишкада, сахт андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамояд.

 

Устоди барӯманди мо аз дида ба дилҳо рафтанд.

Ва воқеан:

Намур он кас, аз ҷаҳон ном бурд,

Ки марди накӯном ҳаргиз намурд.

Хонаи охирати устод ободу ҷояшон ҷаннат бод!

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.