Мавлуд муборак устоди гиромӣ!!!

 

q08042020Муаллими арҷманд ва меҳрубон Хоналӣ Қурбонзода, бо камоли эҳтиром мо-ҳайати кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Шумо роҳбари сахтгиру дилсӯз, меҳрубону мушфиқро ба истиқболи Рӯзи мавлудатон -9 апрел аз самими қалбҳои саршор аз сидқу вафо табрику таҳният намуда, бароятон аввалтар аз ҳама сиҳатмандии комил, умри дарози пурнакҳату босаодат, рӯзгори осудаву обод ва дар фаъолияти илмӣ, эҷодию роҳбарӣ комёбиҳои бузургу арзишмандро таманно менамоем.

Маҳз бо ташаббусу иқдоми Шумо дар донишкада корҳое сурат гирифтанд, ки аз ҷониби аҳли назар хоса омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат хуш пазируфта шудаанд. Аз ҷумла:
-омӯзиши асарҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Чеҳраҳои мондагор”, “Уфуқҳои Истиқлол”;
-омӯзиши таҷрибаи пешқадам таҳти унвони «Мактаби таҷрибаи пешқадам»;
-гузаронидани мониторинги сифати курсҳо;
-таъсисёфтани «Шӯрои муҳаққиқони ҷавон»;
-таъсис ва ташкил намудани «Намунаи осорхонаҳои НБО-и кишвар дар донишкада»;
-озмуни кафедраи намунавӣ;
-ҳамкориҳо бо 20 Донишгоҳу донишкадаҳои хориҷи кишвар;
-ҳамоиши «Такмили маҳорати таълими фанни физика дар татбиқи ҳадафи чоруми миллии ҳукумат-саноатикунонии босуръати кишвар» 18.12.2019 ва даҳҳо ташаббусҳои дигар намунаи гуфтаҳои фавқанд.
Мавриди арзёбист, ки ин ибтикорот аз сӯи олимону пажӯҳандагони илми ҷумҳурӣ низ бо камоли хушнуди пазируфта шуда, дар муассисаҳои илмию таълимӣ он роҳандозӣ гардид.
Мо умедвору муътакидем, ки бо роҳбарии Шумо дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи соҳаи маорифи кишвар, хоса такмили ихтисоси омӯзгорони кишвар саҳми босазои хешро садоқатмандона мегузорем.
Рӯзу ҳафта, моҳу соли Шумо муаллими азиз бардавом бод ва аз қавли Хоҷа Ҳофиз муносиб ба рӯзи мавлудатон ин қитъаро тақдим менамоем:

Солу фолу ҳолу аслу наслу тахту бахт,
Бодат андар шаҳриёрӣ барқарору бардавом.
Сол хуррам, фол некӯ, мол вофир, ҳол хуш
Асл собит, насл боқӣ, тахт олӣ, бахт ром.

Иродатмандони Шумо ҷамъи кормандони Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф.

 

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.