Артиш-мактаби ҷасорат

 

23.02.202021-уми феврали соли ҷорӣ дар толори донишкада бахшида таҷлили Рӯзи Артиши миллӣ мизи мудаввар, таҳти унвони “Артиш-мактаби ҷасорат” баргузор гардид.
Мизи мудавварро муовини ректори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Акобиров Шосафар Зулфёрович, кушода эълон намуд. Мавсуф иброз намуд, ки ин рӯзи воқеан таърихӣ, муқаддас ва фараҳбахшро ба кулли ҷавонмардони кишвар, алалхусус сарбозон, афсарон ва генералҳои кишвар самимона табрик намуда, барои Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу субботи абадӣ ва фазои орому пешрафт ва ба ҳар як хонадони мардуми шарифи кишвар ободиву осоиш ва хушбахтиву хушрӯзиро орзу менамоям.
Баъдан намояндагони мақомотҳои ҳарбию амниятӣ аз ҷумла, сардори зершуъбаи 4-уми Комсиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур, полковник Мирзозода Давлат Мирзо, сардори факултети тайёрии кадрҳои роҳбарикунанда, такмили ихтисос ва бозомӯзии Донишкадаи Олии сарҳадии КДАМ ҶТ, н.и.с, полковник Раҷабов Ҷумъахон Хоҷаевич, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои табиӣ-риёзии донишкада Юнус Ҳакимов ва намояндаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ширинбекзода Садридин вобаста ба таърихи тасъсиёбии Артиши миллӣ, нақши сарҳадбонон дар таҳкими амнияти миллӣ, Истиқлолият ва Артиши миллӣ маърӯзаҳо намуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ маросими ба узвияти ҲХДТ пазируфтани кормандони ҷавони донишкада ва тақдими шаҳодатномаҳо сурат гирифт.
Баъдан раиси ҷаласа Ш. Акобиров ба ҳамаи маърӯзачиён ва меҳмонон барои иштироки фаъолонаашон барору комёбӣ таманно намуда, мизи мудавварро ҷамъбаст намуд.

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.