«Омӯзгори соли Тоҷикистон -2019»

 

31.12.2019Рӯзҳои 12-14 декабри соли 2019, дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.12.2019 таҳти №14763, дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф озмуни даври минтақавии «Омӯзгори соли Тоҷикистон -2019» ташкил ва баргузор гардид.
Кумитаи тадорукот таҳти роҳбарии ректори донишкада, доктори илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода ва ҳайати ҳакамони озмун, (раиси ҳакамон номзади илмҳои фалсафа, дотсент Умаров Умарҷон), ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10.12.2019, №14763 тасдиқ шуда буд, босамар фаъолият карда, раванди озмунро аз ибтидо то ба охир мутобиқи талаботи Низомномаи он ташкил ва роҳандозӣ намуданд ва ҷиҳати дар сатҳи касбӣ, одилона ва шаффову беғаразона баргузор шудани озмун тамоми чораҳоро андешиданд.
Барои ба даст овардани ғолибият дар даври минтақавии озмун аз шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 13 дархост пешниҳод шуда буд.
Мутобиқи талаботи банди 9-и Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» даври минтақавии озмуни мазкур аз рӯи 7 шарт гузаронида шуд.
Озмун санаи 14.12.2019 бомуваффақият ҷамъбаст карда шуд. Тибқи хулосаи аъзои ҳакамон ҷойи якум ба омӯзгори фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқи Литсейи ба номи Темур Собирови ш. Ваҳдат, Ҳ. Соҳибова, ҷойи дуюм ба омӯзгори фанни физикаи МТМУ №3-и н. Шаҳринав, Ҳ. Шарипова, ва ҷойи сеюм ба омӯзгори фанни технологияи информатсионии МТИМУ №14-и н. Рӯдакӣ П. Ойаҳмади, сазовор дониста шуданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ректори донишкада Хоналӣ Қурбонзода, бори дигар таъкид намуд, ки иштирок дар озмун ин худ ғолибият мебошад. Баъдан ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони озмунро бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ намуда, рафти озмунро пӯшида эълон намуданд.

Usmonzoda

Таҷрибаи пешқадам

poz-1

Самтҳои аввалияи такмили ихтисос

poz-2

Мақолаҳои илмӣ-методӣ

poz-3

Государственное учреждение «Республиканский институт повышения квалификации и переподготовки работников образования»
© 2020 --- Все права защищены.