Рақамикунонии низоми такмили ихтисос амри воқъист.

Имрӯз, дар Донишкада пас аз ҷаласаи машваратии назди ректор, фаъолияти платформаи Системаи иттилоотии рушди касбияти омӯзгорон (СИРКО), ки дар Донишкада амал мекунад, муаррифӣ гардид. Қайд карда шуд, ки айни замон дар платформа 23978 омӯзгорон ворид гардида, аз он самаранок истифода мебаранд. Илова ба ин 1513 нафар роҳбаладон дар 12 курс фаъолиятро ба танзим медароранд. Платформа…

Бештар ...

Вебинари навбатии муколама ва амал барои захираи ҷавонон дар Осиёи Марказӣ

Донишкада ягона муассисае мебошад, ки фаъолияташ дар самти баландбардории рушди маҳорати касбии омӯзгорон нигаронида шудааст. Дар доираи фаъолияташ, бо зиёда аз 23 муассиса ва марказҳои такмили маҳорати касбии омӯзгорони кишварҳои хориҷ ҳамкориҳои судманду густурдаро ба роҳ мондааст. Дар ин самт мунтазам дар вебинарҳои сатҳи гуногун ширкат меварзад. Вебинари навбатӣ имрӯз 28.05.2024 баргузор гардид. Дар вебинари…

Бештар ...

ОМӮЗИШҲО БАРОИ ТАЙЁР КАРДАНИ ТРЕНЕРОНИ САТҲИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Дар шароити имрӯза, яке аз иқдомҳои судманд, ки ба пешрафти рушди маҳорати касбии омӯзгор мусоидат мекунад, тайёр намудани худи кормандону омӯзгорони Донишкада вобаста ба талаботҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ ин масъала дақиқан дарҷ гардидааст: «Зарурати ташаккули салоҳиятҳои устувор ва навовариҳо шарти муҳими таъмини пешрафти воқеӣ…

Бештар ...

ТАҲКИМИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ФАНҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ — КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ДАҚИҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (STEM)

ТАҲКИМИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ ДАР ФАНҲОИ ТЕХНОЛОГИЯИ ИТТИЛООТӢ — КОММУНИКАТСИОНӢ ВА ДАҚИҚ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (STEM) 7-уми майи соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо директори дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар шаҳри Алмаато Амир Пирич баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба лоиҳаи “Таҳкими…

Бештар ...

ЗАБОН ДОНӢ ҶАҲОН ДОНӢ!

Бо мақсади татбиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, №795 аз 18 марти соли 2024 аз ҷониби ректори Донишкада муҳтарам Наврӯз Мирзозода як қатор чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати тақвияти малакаи касбӣ, чаҳонбинии сиёсӣ ва сатҳи забондонии кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳо андешида шуд. Аз ҷумла, барои кормандону омӯзгорони Донишкада курси омӯзишии забони англисӣ дар ҳамкорӣ…

Бештар ...

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Ҳамватанони азиз! Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям. Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти…

Бештар ...