Маъмур

Курсҳои такмили ихтисоси муштарак самарабахшанд

«Школа развития мастерства для учителей математики, физики, биологии, химии, русского языка и литературы средних общеобразовательных школ Таджикистана»С 1 по 6 декабря 2025 г. учителя средних общеобразовательных школ городов Бохтар, Куляб и Дангара Таджикистана пройдут очное обучение в «Школе развития мастерства для учителей математики, физики, биологии, химии, русского языка и литературы». Программа очного этапа охватывает ключевые…

Бештар ...

Вохӯрӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп

07.11.2025 https://www.president.tj/event/news/53634 6 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши дуюм дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Иёлоти Муттаҳидаи Амрико” (С5+1) дар шаҳри Вашингтон бо Президенти ИМА муҳтарам Доналд Трамп мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ маҷмуи васеи масоили вобаста ба ҳолати кунунӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон…

Бештар ...

ВОХӮРИИ САМАРАНОК ДАР САМТИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд, ки дар шаҳри Аддис-Абеба баргузор гардид, вохӯрии судманди Ректори Донишкада, Мирзозода Наврӯз бо профессори Донишгоҳи педагогии Пекин, ҷаноби Тенг Чун ва дигар ҳамроҳонаш баргузор гардид, ки дар он намояндагони Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон» низ ширкат варзиданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ…

Бештар ...

Омӯзишҳои такмили маҳорати касбӣ барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, марказҳои инкишофи барвақтии кӯдак ва кормандони гурӯҳҳои бозӣ

Бо мақсади тақвияти маҳорати касбии мураббияҳои кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон оид ба рушди салоҳиятҳои зарурӣ дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ ва такмили малакаҳои хониш дар доираи ҳамкориҳо бо Лоиҳаи “Рушди барвақтии кӯдакон барои афзоиши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” омӯзишҳо ба роҳ монда шуданд.Барномаи омӯзишҳо аз қисматҳои зерин : -«Педагогикаи амалии бозӣ», — «Омӯзиш дар соҳаҳои…

Бештар ...

Мақоми омӯзгор дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзҳои 3–4 ноябри соли 2025 дар шаҳри Аддис-Абебаи Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони «Омӯзгорон ояндаро ташаккул медиҳанд: мубодилаи донишҳои ҷаҳонӣ оид ба омадагӣ ва инкишофи омӯзгорон» баргузор гардида истодааст. Дар ин ҳамоиши сатҳи баланд, ки бо ташаббуси ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалии соҳаи маориф роҳандозӣ шудааст, намояндагони беш аз 150 давлат ва…

Бештар ...

ФОРУМ: РАҚАМИКУНОНӢ ДАР НИЗОМИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН: РОҲҲОИ ҲАМГИРОӢ ВА МОДЕЛҲОИ УСТУВОР

Дар ифтитоҳи форум муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, роҳбари бахши маорифи Хазинаи кӯдакони СММ ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Наоко Хосака, ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон Токтомаметов Алмазбек ва ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз иштирок ва суханронӣ намуданд. Форумро бо сухани ифтитоҳи ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода кушода, мақсад ва…

Бештар ...

БАЙНИ ДОНИШКАДАҲОИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД

Имрӯз, 14 – уми октябри соли 2025 миёни Донишкадаи ҷумҳуриявии такмиди ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии Ҷумҳурии Қирғизистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Санади муҳими ҳамкориро ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз Довудхоҷа ва директори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони педагогии назди Вазорати маориф ва…

Бештар ...

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД

7 октябри соли 2025 дар шаҳри Барнаули Федератсияи Россия вохӯрии ҳайати корӣ бо роҳбарии ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода бо як қатор намояндагони мақомоти баландпояи Олтой, аз ҷумла бо муовини губернатор — Абдуллаев Юрий, муовини вазири маориф ва илми Олтой — Терновая Лариса ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтой — Лазаренко Ирина баргузор гардид, ки дар…

Бештар ...

ОҒОЗИ КУРСИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯҲОИ РӮДАКӢ ВА ВАРЗОБ

Имрӯз, 06 октябри соли 2025 дар Донишкада дар доираи ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Рушди барвақтии кӯдак барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” омӯзишҳо бо ҷалби 50 нафар омӯзгорону кормандони муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдаки ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Варзоб оғоз ёфт. Дар ифтитоҳи омӯзиш муовини ректор Абдусаттор Наҷмиддиниён ва намояндаи лоиҳаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуданд….

Бештар ...